Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
ин тарбия ва хонондани фарзандон меистад. Ҳамчунин, он кас нисбат ба фарзандон сахтгир буданро талқин мекунанд. Барои исботи ин гуфтаҳо як мисол меорам. Ёд дорам, вақте ки муассисаи таҳсилоти миёнаро хатм кардам, хостам, ки ба Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон (ҳозира ДМТ) дохил шавам. Фикр мекардам, ки падарам дар донишгоҳ кор мекунад, ба имтиҳонҳои дохилшавӣ ҷиддӣ тайёрӣ дидан шарт нест. Вале ин фақат хаёли хоми ман будааст. Дар он вақт падарам маро намегузоштанд, ки як дақиқа вақти худро беҳуда гузаронам. Саҳар пеш аз кор рафтанашон як мавзӯи иншоро ба ман пешниҳод карда, супориш медоданд, ки то омаданашон онро нависам. Ман иншоро менавиштам ва падарам омада, тафтиш мекарданд. Хатоҳои иншоро ислоҳ мекарданд. Ҳамин тариқ, ман зиёда аз 20 иншо навиштам. Баъд аз иншо боз ба омӯхтани тестҳо машғул шудам. Дар аввал аз ин рафтори падарам норозӣ будам. Рӯзи мандат расид, рафта номи худамро дар сатри 2-юми номгӯи дохилшавандагони курс дида хушҳол шудам. Пас, ба маънои мақоли халқӣ – «Гирди номи падар чӣ мегардӣ, падари хеш шав, агар мардӣ», ки падарам ҳамвора ёдовар мешуд, дуруст сарфаҳм рафтам.
Дар баробари ин гуфтаҳо боз як воқеаи давраи донишҷӯиямро ба хотир меорам. Дар курси якум мехондам ва сессияи имтиҳонотӣ оғоз шуд. Аз устод Ҳафиз Раҳмон имтиҳон доштам. Дар он вақт падарам ба ҳайси мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикӣ фаъолият мекарданд ва устод Ҳафиз Раҳмон дар ҳамин кафедра кор мекарданд. Баъд аз оне, ки ман баҳои аъло гирифтам, устод фаҳмиданд, ки духтари Кӯҷарзода мебошам. Устод Ҳафиз Раҳмон гуфтанд: «Бузургии Кӯҷарзодаро дар он вақт дарк кардам, ки Насибаро мувофиқи донишаш баҳо монда, баъд фаҳмидам, ки ӯ духтари устод аст». Маҳз ҳамин хислатҳои фарқкунандаи падар ва роҳнамоиҳои дурусти он кас буд, ки меҳрам нисбат ба илм дучанд шуд ва имрӯз касби падарамро пеша намудаам

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё