Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ва дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳайси омӯзгор фаъолият дорам. Чунонки мегӯянд: «Мероси падар хоҳӣ, касби падар омӯз».

Аз хурдиам то имрӯз ман падарамро аз китоб дур надидаам. Як дақиқа вақти худро беҳуда намегузаронанд. Ҳар вақте ки мо, фарзандон, ба хонаи падарам меравем, он касро дар утоқи кориашон, миёни китобҳо, дар ҳалқаи шогирдон дармеёбем ва суҳбаташон аксаран аз илму фарҳанг ва усули таълиму тарбияи ҷавонон дар замони истиқлолият мебошад. Дигар хислати падарам ҳамин аст, ки касе агар барои чизеро фаҳмидан, китоберо гирифтан, мушкилеро ҳал кардан, маслиҳате пурсидан наздашон ояд, ноумед барнамегардад. Ҳар гоҳ ки ба хонаи волидайн барои дидорбинӣ меравем, бо як хурсандӣ моро пешвоз гирифта, каме суҳбат мекунанд ва “корам бисёр” – гӯён зуд вориди утоқи кориашон мешаванд. Метавон гуфт, ки мо он касро ба серӣ намебинем, чунки ҳама вақт дар китобхона пайи таҳқиқ ва эҷод ҳастанд. Эй кош, солиёни зиёд саломатиашон барқарору корашон бисёр ва қаламашон тезу асарҳои нави тозаашон миёни аҳли илму фарҳанг мудом мавриди истифода ва баҳрабардорӣ бошад!

Падарам меҳри зиёд доранд нисбат ба фарзандон, келинҳояшон, домодҳояшон ва, албатта, набераҳо ва абераҳояшон. Дар миёни набераҳояшон нишаста, аз ҳар сухан, рафтор ва гуфтори онҳо лаззат мебаранд ва ба илҳом меоянд. Бобо барои ҳар кадом дӯструякони мо шеър эҷод кардаанд ва ҳама шеърҳои ба онҳо (бо номҳои худи набераву аберагон) бахшидаашонро ҷамъ намуда, китоби “Бобо ва набераҳо”-ро ба табъ расондаанд.

Оре, роҳи илму дониш ва таълиму тарбия пуршебу фароз буда, танҳо шахси асил дар ин роҳ наҳаросида, гом мебардорад ва дурри мақсуд ба даст меорад. Бо ин роҳ он шахсиятҳое мераванд, ки нияти нек, дили пок дошта, арзиши аслии инсониро эҳсос мекунанд. Падари бузургворам аз зумраи чунин шахсиятҳо буда, дар ҷомеа пазируфта шудаанд.

пешина
аз 226
навбатӣ