Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Суҳбаташон ширин асту гуворо, лаҳни шево, хиради воло, зеҳни гиро ва ҳастии инсонгаро доранд. Хирадмандиву масъулиятшиносии баланддашон хоси мардони асил аст, ки дар ҳар як кору пайкори эшон зоҳир мегардад. Ин марди шариф, олими пуркору сермаҳсули соҳаи маориф ва илмҳои филология ва омӯзгори писандидаи донишҷӯёнро ҳамеша дар такопӯву ҷустуҷӯ ва талош мебинем.
Имсол падарам ба синни мубораки 75-солагӣ мерасанд. Аз номи худам ва аҳли оилаамон ин касро бо ин санаи муборак шодбош мегӯем. Барояшон тани сиҳат, умри дароз, дили беғаму хотири ҷамъ орзу дорем. Худо кунад, ки ҳамроҳи модарамон боз солиёни зиёд дар ҳалқаи фарзандону наберагон рӯзгори осуда баранд ва соябони сари мо бошанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё