Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Маҷид Салим,
нависанда
РАВШАНЧАРОГИ ХОНАИ ДИЛ
Ба ифтихори 75-солагии доктори илмҳои филологӣ,
профессор Аламхон Кӯчарзода
Дар деҳа мо соҳиби китобхонаи бой будем. Падарам омӯзгору модарам зани бомаърифат, соҳибмаълумот, ки буданд, доим аз маркази ноҳия китобҳои нав харида меоварданд. Боре падарам китобҳои тозанашр оварду бо хурсандӣ гуфт: Бубин, китоби дӯстам, олими ҷавон Аламхон Кӯчарзода нашр шудааст. Қиссаи «Одина»-и устод Садриддин Айнӣ-ро хондай-ку! Ана, акнун дар атрофи ин китоб андешаҳои Кӯчарзодаро ҳам мутолиа бикун!
Ман хомӯшона ба ҳарфҳои падарам гӯш медодаму хушу ёдам ба номи Кӯчарзода банд буд. Кӣ бошад? Аз деҳаи мо низ олиму шоир баромадааст? Падарам аз нигоҳи суоломезам чизеро пай бурд, ки гуфт: Аламхон соли 1946 дар деҳаи Саричашма таваллуд шудааст. Падари ӯ — Кӯчари Додар солҳои аввал дар деҳоти ноҳияи Шӯрообод ба омӯзгорӣ машғул буд. Афсӯс, умр вафо накарду қиблагоҳаш барвақт аз дунё гузашт ва тарбияи минбаъдаи Аламхон ба зиммаи модараш Суратмоҳ афтод...
Модараш зани оқила ва порсою сухандон буд. Афсонаю ривояти зиёд медонист ва китобхониро дӯст медошт. Дар қалби нозуки писар нахустин шуда модари муштипараш меҳри адабиёту суханро ҷой намуд. Модар шабҳои дароз сари болини ягона фарзанд афсона мегуфт, то он даме ки чигарбандашро хоб мебурд. Дар солҳои душвори баъдиҷангӣ барои модари танҳо фарзанд калон кардан ва ӯро хонондан бори сангин буд. Вақте ки (соли 1959) дар деҳаи Саричашма

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё