Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мактаб-интернат ташкил шуд, модар бо сад умеду армон бачаашро ба ин макони маърифат супурд.

Солҳои шастуми қарни гузашта мактаб-интернати Саричашма яке аз марказҳои овозадори таълиму тарбия дар қаламрави Кӯлоб маҳсуб меёфт. Роҳбари ҳамонвақтай мактаб устоди зиндаёд Самад Фаттоев ба парваришгоҳ беҳтарин муаллимро гирд оварда буд ва таълимгоҳ дорои утоқҳои хуби таълимӣ ва китобхона буд. Ана ҳамон давра Аламхони ҷавон аввалин маротиба аз китобхона асарҳои устод Айниро гирифта мутолиа намуд.

Баробари дигар асарҳои оламшумули устоди наср Аламхон шефтаю шайдои қиссаи дилангези «Одина» гардид. Ӯ, ки худ бекасию нодорӣ ва танҳоиро дида буд, қиссаро қариб азёд кард. Гоҳ-гоҳе пораҳои алоҳидаи асарро зери лаб такрор намуда, аз сарнавишти Одинаи ноком дарун-дарун месӯхт ва боз китобҳоеро гирифта бо худ ба хобгоҳаш мебурд, таги болишташ монда хоб мерафт ва вақте ки хобаш намебурд, оҳиста ба долон баромада, дар равшании чароғ мутолиаро давом медод...

Аламхон Кӯҷарзода мактаб-интернатро бо баҳои аъло хатм карда, соли 1964 ба факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (ҳоло Донишгоҳи миллии Тоҷикистон) дохил шуд. Солҳои донишҷӯӣ аз Шарифҷон Ҳусейзода, Соҳиб Tabarov, Воҳид Асрорӣ, Додоҷон Тоҷиев барин устодони нексиришт сабақ омӯхта, баъдҳо дар курсҳои болоӣ ба илмҳои адабиётшиносӣ, таҳқиқу пажӯҳиш рӯй овард.

Ба Аламхони ҷавон нақди матн ва масоили матншиносӣ писанд афтод. Аз мутолиаи адабиёти илмӣ дарёфт, ки матншиносии тоҷик дар самти таҳқиқу таҳия ва чопии интиқодии асарҳои классикӣ пешрафти назаррас дорад, вале матншиносии адабиёти муосир муҳтоҷи омӯзиши ҷиддӣ аст ва дар ин самт корҳои бисёреро анҷом додан мебоист.

пешина
аз 226
навбатӣ