Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Ӯ ин андешаҳояшро ба устоди азизаш, олими барҷастаи тоҷик Соҳиб Табаров баён кард. Устод Табаров, ки аз рӯзҳои нахустини донишҷӯӣ аз истеъдоду масъулиятшиносии ин шогирдаш огоҳӣ дошт, хурсанд шуд ва табассумкунон афзуд: Аламхон, медонистам, ки дилдодаи илму ташнаи дониш ҳастӣ, акнун фурсати он расидааст, ки ҷиддӣ ба илм рӯй биёрӣ. Аламхон бо камоли ихлосу меҳр ба устодаш ташаккур гуфт.

Устод Табаров рамузгирона ба шогирдаш нигоҳ карду баъд чизе ба хотираш расид, ки афзуд: Аламхон, медонам, ки ошиқи осори безаволи устод Айнӣ ҳастӣ. Оид ба осори устод тадқиқот бисёр аст, вале ба нақди матни эҷодиёти нависанда ҳанӯз касе даст назадааст. Чӣ мешавад, ки мавзӯи минбаъдаи кори илмиатро аз эҷодиёти аллома, аниқтараш аз нақди матни нахустин қиссаи адабиёти советии тоҷик - «Одина» интихоб намой?

Аламхон аз ин пешниҳоди ногаҳонии устодаш аввал дасту по гум кард ва баъд хурсанд шуд, ки устод маҳз ҳамин мавзӯъро ба ӯ пешниҳод кард. Охир, худи устод низ перомуни романи «Ғуломон»-и Садриддин Айнӣ рисолаи номзадӣ ҳимоя намудаанд.

Акнун Аламхон Кӯҷарзода, баъди хатми донишгоҳ (соли 1969), дар факултети забон ва адабиёти тоҷики Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб фаъолият дошт ва солҳои 1972-1976 чун аспиранти ғоибонаи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон, таҳти роҳбарии узви вобастаи Академияи илмҳои Тоҷикистон олими маъруф Соҳиб Табаров перомуни мавзӯи «Масъалаҳои матншиносии повести «Одина»-и С.Айнӣ» тадқиқоти илмӣ мебурд.

Аламхон Кӯҷарзода аввалин маротиба ба масъалаҳои таърихи эҷоди повести «Одина», нусхаҳои замони дар қайди ҳаёт буда ва баъди сари адиб ба табъ расида, тағйирот дар мундариҷа, хатти сюжет ва забону услуби матнҳои чопии асар

пешина
аз 226
навбатӣ