Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

тадқиқот бурда, роҳҳои ба вуҷуд овардани матни илмии повести мазкурро ба миён овард.

А. Кӯчарзода соли 1978 рисолаи илмиашро бомуваффақият ҳимоя намуд, ки он соли 1982 дар шакли китоби алоҳида бо номи «Тадқиқи текстологияи «Одина»-и Садриддин Айнӣ» ба табъ расид. Ин рисолаи олими ҷавон бо масъалагузорӣ, муҳокимаҳои илмӣ нахустин тадқиқотест, ки дар асоси омӯзиши ҷиддии матншиносии адабиёти давраи нав ба вуҷуд омадааст.

Устод Кӯчарзода солҳои 80-уми қарни гузашта роҳбарии маҳфили адабии «Адибони ҷавон»-и Донишкадаи Кӯлобро ба уҳда дошт. Маҳз дар ҳамин маҳфил адибони шинохта – Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб, Сафармуҳаммад Айюбӣ, Салими Хатлонӣ, Сафар Амирхон, Сафар Аюбзода, Гулчеҳра Муҳаммадиева, Содиқи Завқӣ ва бисёр дигарон тарбия ёфта, ба шоҳроҳи адабиёт қадам гузоштанд.

Он солҳо устод Кӯчарзода ба мо аз таърихи адабиёт ва мадхали адабиётшиносӣ сабак медоданд. Ҳамин ки устод дохили синфхона мешуданд, гӯшу ҳуши мо, донишҷӯён, банди андешаҳои муаллим мегашт. Хаёлам гӯё ҳоло ҳам суханони устод дар синфхона садо медиҳанд. Ӯ ҷузвдонашро ба рӯи миз гузошта, сипас ба донишҷӯён муроҷиат менамуд. Суханаш одӣ набуд, балки бо шеър дарсро шурӯъ намуда, боз бо шеър онро ҷамъбаст менамуд.

Боре дами саҳарӣ устод шумораи нави рӯзномаи вилоятии «Роҳи ленинӣ» дар даст ғайричашдошт ба бинои хобгоҳи донишҷӯён омад. Мо, бачаҳо, дарҳол ба наздаш ҷамъ шудем. Устод баъди аҳволпурсӣ гуфт: ҳа, баҷаи мулло Одина, ҳикоят чоп шудааст, муборак бошад! Шарикдарсон ҷониби ман бо ҳасад нигоҳ карданд. Устод рӯзномаро ба ман дароз карда афзуд: мавзӯи хуб ёфтаӣ, дар табиат аз ҳама беозору бесарпаноҳ ҳамин ҷонварону парандагонанд. Ин мавзӯъро давом деҳ, ҳозир бештар асарҳои тамсилии адабиёти классикиро омӯз!

пешина
аз 226
навбатӣ