Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Айёми донишҷӯӣ ва баъдтар солҳое, ки дар рӯзномаи вилоятии собиқ вилояти Кӯлоб фаъолият доштам, доим навиштаҳои худро ба устод Кӯҷарзода нишон дода, маслиҳат мегирифтам. Устод то ҳол ба ҳикояҳои банда, ки ба мавзӯи табиат, муҳити зист ва ҳифзи ҳайвонот бахшида шудаанд, таваҷҷуҳ дорад ва мисли айёми донишҷӯӣ сари чанд вақт занг мезанад, ки фалон ҳикояи бандаро мутолиа намудааст ва аз ҳусну кубхи он бо дилсӯзӣ сухан мегӯяд.
Устод Кӯҷарзода солҳои аввали истиқлол, ки айёми басо мушкиле буд, дар Донишкадаи шаҳри Кӯлоб дарс гуфта, ҳамзамон сармуҳарририи рӯзномаи умумидонишгоҳии «Анвори дониш»-ро ба уҳда дошт. Ҳамон солҳо ва пештар низ устод тез-тез меҳмони деҳаи мо мешуд ва он рӯзҳо дар канори дарёчаи Сияҳоб маҳфили адабӣ сурат мегирифт.
Маҳфилоро устоди зиндаёд Ашӯр Сафар буду тасхиргари қалбҳо Одинаи Ҳошим фалакхонӣ мекард. Даме ки Одинаи Ҳошим аз навохтан бозмеистод, суҳбат дар атрофи адабиёт авҷ мегирифт. Ана дар ҳамин суҳбатҳо мо, бачаҳои деҳа, дар гӯшае нишаста, аз суҳбати аҳли маҷлис баҳра мебурдем. Ман аввалин маротиба устод Соҳиб Табаровро бо ҳамроҳии шогирдаш Аламхон Кӯҷарзода дар ҳамин маҳфил дидам. Ҳангоме ки Одинаи Ҳошим ба торҳои думбрааш нохун мезаду нола мекард, дарёчаи пеши чашмашон хаёле ба сукут мерафт ва гоҳе сар ба сангҳо зада нолаву шеван мекард.
Соҳиб Табаров аз фалакхонӣ ба ваҷд омада гуфт:
– Аламхон, дидӣ, Одина чӣ қадар Сайидоро дӯст медорад, ӯ хеле ғазалиёти ин шоири ҳунармандро оҳанг бастааст. Дидам, ки Одинаи Ҳошим ашки чашмонашро ноаён пок карда, давоми ғазалро нахонд. Соҳиб Табаров як ба ҳофиз нигоҳи маънидор карду гуфт: медонӣ, Одина, шогирди банда Аламхон ҷавони заҳматкашу меҳнатқарин аст. Акнун номзади илм шуд...

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё