Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
- Аламхон дар Институти Кӯлоб маро ва писарам Раҳматуллоҳро низ дарс додааст, - гуфт Одинаи Ҳошим ва боз думбраашро ба даст гирифта илова кард: - Барои ояндаи неки ин олими ҷавон давоми ғазали Сайидоро мехонам.
Дастро дил дар канори хештан мепарварад,
Донаи мо барқро дар пираҳан мепарварад.
Мешавад дар як сафар чун моҳи Канъон номдор,
Ҳар ки ҳамчун лаъл худро дар Ватан мепарварад.
Аламхон Кӯҷарзода пайваста перомуни нақди матни осори бадеии устод Айнӣ меандешид. Ӯ, ки ҳанӯз аз айёми бачагӣ ошиқу дилдодаи осори Айнӣ буд, вазъи таҳия ва чопи илмӣ-интиқодии эҷодиёти адиб ӯро қаноатманд намекард. Медонист, ки то ин дам танҳо нашри илмӣ-интиқодии панҷ асари устод Айнӣ: «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам», «Одина», «Таҳзиб-ус-сибён», «Тартил-ул-Қуръон» ва «Заруриёти диния» анҷом дода шудаасту халос.
Аз ҷониби дигар устод Кӯҷарзода ҳангоми пажӯҳишҳои чандинсола ба хулосае омад, ки дар дарки асари адиб матни саҳеҳ нақши асосӣ дорад. Агар матни комил ва пурра бошад, оммаи хонандагон низ онро бо завқ мутолиа мекунанд. Пас, таърихи матнҳои осори Айниро идома додан зарур аст. Муҳаққиқи борикбин минбаъд ҳамин паҳлуҳои эҷодиёти адибро омӯхта, ба қавле мӯйро аз хамир ҷудо мекунад.
Устод Кӯҷарзода моҳи июни соли 1997 дар Шӯрои диссертатсионии Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон дар мавзӯи «Мавқеи нақди матн дар адабиётшиносии тоҷик ва масъалаҳои матншиносии насри Садриддин Айнӣ» рисолаи докторӣ дифоъ намуд. Мушовири илмии унвонҷӯ академики зиндаёд Муҳаммадҷони Шакурӣ дар такризи худ ба заҳматҳои Аламхон Кӯҷарзода баҳои сазовор дода, аз ҷумла ёдовар шуданд, ки «Барҳақ Аламхон Кӯҷарзода яке аз матншиносони заҳматкаши тоҷик мебошад. Ӯ солиёни зиёд ба тадқиқи матншиносии осори устод Айнӣ машғул

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё