Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

шуда, натиҷаҳои хуб ба даст овардааст. Ва тадқиқоти вай лоиқи ситоишу дастгирӣ аст».

Худи ҳамон сол ӯро барои кор ба кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон даъват намуданд ва табиист, ки дар маркази ҷумҳуриямон шаҳри Душанбе фаъолияти илмӣ ва омӯзгории А.Қӯчарзода боз ҳам густариш ёфт. Ӯ дар китобҳои «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик», «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С.Айнӣ» ва «Нақди матни осори С.Айнӣ» (Дарси махсус барои факултаҳои филологияи мактабҳои олӣ) назария ва амалияи матншиносии адабиёти давраи нави тоҷикро дар мисоли насри пурбаракати устод Айнӣ ба таҳлилу тадқиқ гирифта, бо ҳамин масъалаи ба вуҷуд овардани Куллиёти илмии сардафтари адабиёти давраи нави тоҷикро ба миён гузошт. Ҳамчунин оид ба нақди матни осори устодон – Лоҳутӣ, Турсунзода, Муъмин Қаноат, Саттор Турсун низ тадқиқот бурда, асос ва таҳкурсии илмҳои суханшиносӣ будани матншиносиро собит намуд.

Фаъолияти илмӣ-адабии устод Қӯчарзода танҳо ба соҳаи матншиносӣ маҳдуд нест. Ӯ ба муҳимтарин масоили адабиётшиносӣ даст зада, бисёр китобу асарҳои бадеӣ ва илмиро мавриди таҳлилу баррасӣ қарор додааст. Чи дар кор ва чи дар муомила маърифати баланд дорад. Боре надидаам, ки устоди мо ҳарфи ноҷое гуфта бошад. Вай ҳамеша як хел, ситорагарму ҳалим ва пуштибони аҳли эҷоду ҳунар мебошад. Ин аст, ки ӯро шогирдону дӯстон хеле дӯст медоранд. Профессор Қӯчарзода миёни устодону донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ маҳбубияти хосае дорад.

Соли 2001 масъалаи интихоби мудири кафедраи назария ва адабиёти навини форсии тоҷикии факултаи филологияи Донишгоҳи миллӣ ба миён омад. Ва ба ин вазифаи масъул номзадии Аламхон Қӯчарзода пешниҳод гардид. Ҳарчанд худи устод ба ин таклиф розӣ набуд, бо тариқи овоздиҳии пинҳонии Шӯрои олимони факулта ӯро мудир интихоб намуданд. Дар мавриди фаъолияташ дар ин ҷода устодони кафедра Ҳафиз Раҳмонов ва Қарор Нурқаев дар мақолаи «Хоксории устод зинати хиради ӯст»

пешина
аз 226
навбатӣ