Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
чунин овардаанд: «Дарс барои устод Кӯчарзода муқаддас аст ва ақидаашон ин аст, ки ягон баҳона, ягон ҳодисаву тасодуф набояд боиси дарсшиканӣ гардад. Бо донишҷӯ ҳамчун фарзанд муно-сибат мекунанд ва ёдамон нест, ки ягон нафаре аз ӯ ҷиҳати беодобиву нодонӣ ранҷу озор дида бошад».
Устод Кӯчарзода дар ин вазифа ҳам намунаи баланди одамгарӣ ва роҳбарӣ нишон дода, дар ин давра як силсила мақолаҳои калони илмӣ-адабӣ таълиф намудааст. Аз нашри нахустин мақолаи муаллим, ки 12-уми сентябри соли 1970 дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Кӯлоб» аз чоп баромад, зиёда аз 40 сол сипарӣ шудааст. Дар ин муддат устод Кӯчарзода ба соҳаи дӯстдоштааш — айнишиносӣ ва матншиносӣ содиқ монда, боз китобҳои «Турсунзода: маҳорат ва садоқат» (Душанбе, 2011), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С.Айнӣ» (Душанбе, 2013), «Муҳаққиқи соҳибмактаб» (Душанбе, 2014), «Аз фаъолияти муҳарририи устод Айнӣ» (Душанбе, 2015)-ро ба табъ расонид.
Устод Кӯчарзода лаҳзае фориғ аз заҳмату талошу худафрӯзӣ нест. Ӯ баробари ҳаёт қадам мезанад, дар бораи бурду бохти адабиёти муосир пайваста асарҳои илмӣ ва тақризу мақола ва асарҳои публитсистӣ менависад. Нақди вай дар атрофи эҷоду ҳунари устодон Муъмин Қаноат, Мирсаид Миршакар, Абдусалом Деҳотӣ, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Ширин Бунёд, Алимуҳаммад Муродӣ, Сомеъ Одиназода барои фаҳмидани осори ин адибон кӯмак мекунад.
Фаъолияти илмии устод густарда мебошад. Ӯ ҳамчунин муаллифи матнҳои сахеҳу интиқодии рисолаҳои «Қуддусия», «Маърифати нафс» ва «Дарвешия»-и Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, қиссаҳои «Одина» ва «Марги судхӯр»-и устод Айнӣ мебошад.
Соли 2010 аз нашриёти «Адиб» қиссаи «Марги судхӯр»-и устод Айнӣ бо кӯшишу эҳтимоми муаллим Кӯчарзода аз чоп баромад. Қиссаи «Марги судхӯр» аз ҷониби суханшиносони ватаюнию хориҷӣ чун қуллаи баландтарини ҳаҷви бадеӣ дар адабиёти давраи нави тоҷик эътироф шудааст. Ба гуфтан адабиётшиноси

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё