Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

маъруфи чех Иржи Бечка «Садриддин Айнӣ дар «Марги судхӯр» дар тасвири олами рӯҳии судхӯрон ба комёбиҳои калон ноил гардид».

Устод Кӯчарзода тамоми матнҳои қалавиву чопи қиссаро аз нав мавриди пажӯҳиш қарор додааст. Ин асар борҳо бо хуруфи лотинӣ, арабиасоси тоҷикӣ ва кириллӣ ба забони тоҷикӣ ба табъ расидааст ва табиист, ки дар матнҳо хатоҳои хурду калони зиёде роҳ ёфтаанд. Ҳамаи инро устод Кӯчарзода хеле борикбинона омӯхта, дар асоси тадқиқи матншиносии се нусхаи қаламӣ ва се нусхаи чопӣ матни илмӣ ва саҳеҳи қиссаро ба хонандаи нозукбин пешниҳод намудааст. Дар қисмати «Иловаҳо»-и чопи илмӣ «Марги судхӯр» мураттиб ва таҳиягар Аламхон Кӯчарзода мақолаи «Як-ду сухан дар бораи «Марги судхӯр»-ро, ки ба қалами худи нависанда тааллуқ дорад, ҷой додааст.

Ҳамчунин дар қисмати «Иловаҳо» мақолаи худи таҳиягар – Таърихи матни қиссаи «Марги судхӯр» зам шудааст. А.Кӯчарзода тамоми матнҳои қиссаро омӯхта, таҳрироти пайдарпайи муаллифро ошкор намудааст. Омӯзиши ҷиддии бойгонии нависанда, қиёс намудани кулли дастхахову матнҳои чопи қисса ба забонҳои тоҷикӣ ва узбекӣ дар сатҳи баланд анҷом ёфтааст. Ва дар ин мақола фаъолияти зуллисонайнии устод Айнӣ низ мавриди баррасӣ қарор мегирад. Маълум мешавад, ки нависанда баъди ба анҷом расонидани матни тоҷикии қисса дарҳол ба таълифу таҳрири матни узбекии қисса пардохт ва дар нимаи дуюми солҳои сиюм ҳам «Марги судхӯр» ва ҳам «Судхӯрнинг гӯлими»-ро ба хонанда пешниҳод намудааст. Оре, чунин тадқиқи дақиқи илмӣ ба шахсиятҳое даст медиҳад, ки сарсупурдаи илм ҳастанд.

Устод Аламхон Кӯчарзода дар таҳияи китобу дастурҳои таълимӣ барои макотиби миёна ва олӣ низ саҳми назаррас гузоштааст. Китоби дарсии «Адабиёти тоҷик барои синфи 11» (бо ҳаммуаллифии Х. Асозода), барномаи таълимии матншиносӣ барои донишҷӯёни факултаҳои филологӣ ва як қатор дастурҳои таълимӣ ба қалами вай тааллуқ доранд. Устод ба ҷодаи илм

пешина
аз 226
навбатӣ