Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҳидоят кардани шогирдони хушзеҳну заҳматкашро аз вазифаҳои ҷонии худ медонад ва ҳоло зери роҳбарии ӯ 16 нафар шогирдон аз Тоҷикистон ва Эрон рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ дифоъ намуда, дар ҷодаи илм фаъолият доранд.

Устод Кӯҷарзода табъи нозуки шеъргӯӣ низ дорад. Ӯ ҳанӯз аз айёми мактабхонӣ ва донишҷӯӣ шеър мегуфт, аммо барои табъу нашри онҳо кӯшиш намекард. Танҳо соли 2012 маҷмӯаи алоҳидаи вай бо номи «100 рубой» аз чоп баромад. Дар пешгуфтор муҳаррири китоб шоир ва олими шинохта Рустами Ваҳҳоб навиштааст: «Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Аламхон Кӯҷарзода солҳост, ки ба донишҷӯён аз назария ва таърихи адабиёт ва матншиносӣ дарс мегӯяд. Муаллифи чандин китоби илмиву тадқиқотӣ ва дастуру барномаҳои таълимӣ ва мақолаҳои илмӣ мебошад. Ишон дар тӯли ин ҳама муддати тадрис ба назми ашъор низ шуғл дошта, вале аз ин шуғли худ то ҳанӯз дар ҳеҷ мавриде иттилоъ надодааст». Аз мутолиа ва мулоҳизаи ин рубоиёт табъи салим ва тахайюли баландпарвози устод равшан мегардад:

Дӣ мурғи тараб тамом побастам буд,
Моҳии қади нигор дар шастам буд.
Дар саҳни фарохи сина дил мерақсид,
Доираи офтоб дар дастам буд.

Баъдтар, соли 2013, аз тариқи нашриёти «Маориф ва фарҳанг» китоби шеърҳои бачагонаи устод Кӯҷарзода бо номи «Бобо ва набераҳо» пешкаши хонандагони хурдсол гардид. Кӯдакон аз мутолиаи шеърҳои ин маҷмӯа чизҳое ба мушоҳидаҳои худ ҳамоҳангро пайдо намуда, нисбат ба табиат, зебоиҳои Ватан-модар меҳру муҳаббат мепарваранд. Қаҳрамони ин қабил шеърҳо худи кӯдаконанд, ки мехоҳанд мисли бобои худ китобхон ва ҳамадон бошанд:

Рӯзи шанбе Ардашер,
Омад хонаи бобо,

пешина
аз 226
навбатӣ