Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Эҳдо ба 75-солагии олими шинохта,
профессор А. Кӯҷарзода

Илмат, эй Аламхон ибни Кӯҷар,
Рӯйи олам ҳаме биорояд.
Таълифотат шуд шуҳраи офоқ,
Обрӯят осмон ҳамесояд.
Ҳар кас, ки ёри Аламхон мешавад,
Омӣ бошад ҳам, китобхон мешавад.
Зеро Аламхон саропо илм аст,
Марди шарифу сар то по хилм аст.
Назмшиносу матншинос аст,
Дар баҳри дониш умре ғаввос аст.
Дар нақду таҳлил мӯшикоф аст ӯ,
Дар тасҳеҳи матн чу сарроф аст ӯ.
Суханшиносе беқиёс аст ӯ,
Инсони шариф, босипос аст ӯ.
Ӯ дид дорад, ҳам ид дорад,
Диди ӯ сад илм навид дорад.
Ҳафтоду панҷи синат муборак,
Ҳумоюн бодо, идат муборак.

Мирзо Солеҳ

ЭҲДО БА УСТОД КӮҶАРЗОДА

Ҷавоне гирди пираш мезанад чарх,
Ба гирди дастгираш мезанад чарх.
Тариқи посдорӣ бин, ки умре
Замин дар гирди тираш мезанад чарх.

Муҳаммад Ғоиб,
моҳи декабри соли 1988

пешина
аз 226
навбатӣ