Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
РАҲКУШОИ ЧАРХИ ГАРДОН
(Эҳтиром ба устоди беқиёс узви вобастаи АМИ ҶТ,
профессор Аламхон Кӯҷарзода)
Садоят шарфаи нарме зи борон аст,
Гули пандат шамиме аз баҳорон аст.
Ба қалбат гашта ҳақкокӣ «Авасто» аст,
Таҷаллии рухат нури Аҳуро аст.
Ба рӯи роҳ ҳар гоми ту андарз аст,
Чу икроми Заминро ҳар кишоварз аст.
Сухан гирад либоси тоза аз ҳарфат,
Ба ҳар ҷо шавкату овоза аз ҳарфат.
Маромат мисли «Қонуннома» мардонро,
Каломат раҳкушое чархи гардонро.
Фидой гашта андар роҳи илму фан,
Чароғи равшани даргоҳи илму фан.
Ба дилҳо карда ҷо аз хоксориҳо,
Мақомат то само аз хоксориҳо...
Нурмуҳаммад Сироҷӣ
БАРОИ УСТОД АЛАМХОНИ КӮҶАР
Ҷони мо аз суҳбати ҳамдард хандон мешавад,
Ҳамдили ман, маънии Маҳзун Аламхон мешавад.
Завқи илм ояд ба шогирдон зи пири ранҷдӯст,
Шавқ набвад, илмҷӯ ҳам сер аз ҷон мешавад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё