Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
ЗАМИН
(Ба устод Аламхон Кӯҷарзода)
Сайқали оинаи дилҳои оташбори ту,
Бонавоёни суханро давлати гуфтори ту,
Ҳотами афсонавӣ ранҷи туро натвон кашид,
Рӯзу шаб авроки таҳриру адаб рафтори ту.
Аз раҳе гар бигзарӣ, мӯре намеёбад газанд,
Пастиҳоро дидан аст аз боми эҳсоси баланд.
Дар қатори қуллаи кӯҳи намак сар некашӣ,
Дар замини шарқи тоҷик ту ба мисли кӯҳи панд.
Назди ту гӯй, ки ман бо Рӯдакиву Анварӣ,
Хотират чун хони нозу неъмати лафзи дарӣ.
Мерасад бар воя шогирдони соҳибзавки ту,
Чун ниёгон некиро талқин, хирадрод афсарӣ.
Лафзи хуш бо садри маъни ҳамнишинат кардааст,
Киштаҳои ормонат хӯшачинат кардааст.
Мебарӣ бар дӯши худ бори гарони зиндагӣ,
Хоксорӣ дар саховат чун заминат кардааст.
Темур Султон,
соли 1985.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё