Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
МЕҲРНОМА
(Барои устоди меҳрубон Аламхони Кӯчар)
Умри ту сарф гашта дар ранҷу бурдборӣ,
Бошад саховати ту чун баҳри беканоре.
Ҷуз пешаи ҳақиқат фикри дигар надорӣ,
Ҳарчанд аз фазилат бошӣ ту номдоре,
Марде чу ту надидам мушфиқу ғамгусоре.
Бар аҳли дил ҳамеша дилсӯзу бовафоӣ,
Поку ҳалиму неку чун субҳи босафоӣ.
Гарди маломатат нест аз файзи хайрхоҳӣ,
Бегона аст баҳрат таърифу худситоӣ,
Аммо ба гуфтаи худ чун кӯҳ устуворӣ.
Гуфтори гарму нармат бисёр дилписанд аст,
Ҳар як сухан зи меҳрат чун нӯш бегазанд аст.
Гӯё ки қалби покат лабрези шеъру панд аст,
Ҳар нуктаат гуворо чун оташи сипанд аст,
Аз ту гирифтаам ман дар қалби худ шароре.
Дар баҳри илму дониш побанди ҷустуҷӯй,
Чун нахли фазлу ҳикмат пайваста дар нумӯй.
Фикри дигар надорӣ ҷуз ҷодаи накӯй,
Дунёи меҳру шафқат, гӯё ки мӯ ба мӯй,
Монанди навбаҳорон сарсабзу файзборӣ.
Дар олами садоқат дунёи бекаронӣ,
Баҳри ҳама азизу дилсӯзу меҳрубонӣ.
Гӯё ки аз бузурггон чун охирин нишонӣ,
Аммо зи хоксорӣ бар чашм ноаёнӣ,
Монанди ту надидам дар даҳр хоксоре.
Саид Ғоиб

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё