Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
III
Умар Сафар,
профессори ДМТ
ЗАБОНИ ТАҲРИР
Дар ҷомеаи адабу фарҳанги мо ашхосе, ки дар таҳқиқу пажӯҳиши масоили адабӣ қалам фарсудаанд, зиёданд. Бархӯрди иддае аз онҳо ба адабиёт, гоҳо маросимиву замонӣ будааст. Бархилофи ин мо гурӯҳи дигареро мешиносем, ки дар роҳи адабиёту таҳқиқи он умри худро ниҳодаанд. Эшон огоҳона бо сидқу вафо бо камоли сарсупурдагӣ, тамоми неруи зеҳниву халлоқи худро сарфи пажӯҳиши дунёи розолуди адабиёт намудаанд. Яке аз чунин шахсиятҳо устод А. Кӯчарзода мебошанд, ки имрӯзҳо ба синни мубораки 75-солагӣ гом гузоштаанд. Чӣ хушоянд аст, ки мо ҳамеша устодро, саршори неруву тавон миёни шогирдон мебинем. Ҳар дидоре бо эшон ба мо неруи зиндагӣ, умед ба оянда мебахшад. Бадин муносибат дар ин мухтасар қарор додем чанд нуктаеро дар атрофи яке аз ҷанбаҳои таҳқиқии ӯ иброз дорем.
Миёни риштаҳои пажӯҳишӣ, ки ба нақду нақди адабӣ ва дар маҷмӯъ адабиётшиносӣ мансубанд, нақди матнро муҳимтарину дақиқтарин ва ба як таъбир асилтарин ақсоми нақди адабӣ донистаанд [1, 123].
Равшан аст, ки матншиносӣ яке аз риштаҳои адабиётшиносист ва пайванди танготанге бо таҳриру таҳриргарӣ дорад. Дар адабиётшиносии тоҷик перомуни ин риштаҳо таълифоти қобили мулоҳизае сурат гирифтааст, аммо манзури мо дар ин мухтасар нигоҳест иҷмолӣ атрофи таълифоти донишманди фозил А. Кӯчарзода, ки атрофи фаъолияти таҳриргарии устод Айнӣ анҷом шудааст. Дар имтидоди замон атрофи корномаи таҳриргарии устод Айнӣ мақолоти пуршуморе ба нашр расида, аммо ба гумони мо, маҳз дар пажӯҳишҳои устод А. Кӯчарзода аст, ки ин матлаб доманаи густурдатаре пайдо мекунад ва бар сарҳади камол мерасад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё