Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

То имрӯз аз эшон монографияву китобҳои зерин: «Тадқиқи текстологияи «Одина»-и С.Айнӣ» (Душанбе 1982), «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (Душанбе 1994), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С.Айнӣ» (Душанбе 2002), «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С.Айнӣ» (Душанбе 2013), «Нақди матн ва нақди адабӣ» (Душанбе 2017) мунташир шудааст.

Қисмате аз таълифоти мазкур ҷанбаи назарӣ доранд ва ба масоили пурпечи нақду нақди матн бахшида шудаанд. Аммо рӯйиҳамрафта такаи асосӣ рӯйи матншиносии осори устод Айнӣ ва фаъолияти таҳриргарии ӯ сурат гирифтааст.

Роҷеъ ба оғози кори муҳарририи устод Айнӣ дар хилоли замон муҳаққиқони зиёде мисли Раҳим Ҳошим, Абдусалом Деҳотӣ, Хуршеда Отаҳонова, Атахон Сайфуллоев, Камол Айнӣ, Салоҳиддин Салоҳов ва дигарон изҳори ақида кардаанд. Нашри асари Кӯҷарзодаро бо номи «Таҳрири адабӣ ва фаъолияти муҳарририи С.Айнӣ» дар ин росто метавон як асари ҷомеъ ҳисобид. Бахши аввали китоб ба таҳрир ва ҷанбаҳои назарии он ихтисос дорад. Муаллиф пас аз шарҳи маънои истилоҳии таҳрир, зарурати таҳрирро дар ҷомеаи адабӣ, алоқаву робитаи онро бо илмҳои дигар таъкид намуда, ба масъалаи замон ва таъсири он дар забону баёни асари бадеӣ ишорат менамояд. Ба ин маънигӣ, ки бо гузашти солҳо ва падид омадани вазъу шароити нав як адиб ё нависанда зимни бознигарии асари хеш онро ниёзманди таҳрир мебинад.

Кори муҳаррирӣ бо доштани собиқаи тӯлонӣ ва вуҷуди таҷрибаву роҳҳои озмудашуда, тарзу усул ва меъёрҳои махсусеро барои таҳриру арзёбии осори адабӣ ба миён овардааст ва муҳаррир будан, пеш аз ҳама, масъулият аст. Шахсе, ки бори ин масъулиятро ба дӯш дорад, бояд донишу мутолиаи васеъ дар заминаи адабиётшиносӣ, забоншиносӣ, матншиносӣ ва нақд дошта бошад. Муҳаққиқи муҳтарам бар ин назар аст, ки кори муҳаррирӣ танҳо ба забони асар ва шеваи баёни муаллиф ҷамъбаст намешавад, балки фарохтар

пешина
аз 226
навбатӣ