Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
аз он аст, ки мо тасаввураш мекунем. Сохтори асар, муҳтавои он, ҳадафу мақсади муаллиф, ҳунару истеъдоди ӯ, ҷанбаҳои эстетикии асар, пайванди он бо замону ҷомеа намунаи матолибе мебошанд, ки бо амри муҳаррирӣ иртибот мегиранд.
Матлаби дигаре, ки ба он таваҷҷуҳи хос мабзул шуда, маърифати услубу сабки фардии нависанда аз ҷониби муҳаррир ва алоқаву ҳамкории муштараки онҳост, ки матни як асари бадеиро аз изофагӯйӣ, дур шудан аз хатти асосии сужа ҳифз медорад.
Масъалаи дигаре, ки дар асари муҳаққиқ мавриди арзёбӣ қарор мегирад, собиқаву пешинаи таҳрир аст. Муаллиф бар ин назар аст, ки доир ба таърихи пешаи муҳаррирӣ ва махсусан таҳрири адабӣ санаи махсусеро таъйин кардан душвор аст. Вале дақиқ аст, ки таҳриру таҳриргарӣ ҳам дар радифи дигар соҳоти зиндагии маънавӣ ва фарҳангии башар дар натиҷаи эҳтиёҷу ниёзе ба зуҳур расидааст, ки ҷойгоҳи асосиаш худи зиндагии башарӣ ва амалия мебошад. Муҳаққиқон дар осори ҷудогонаи хеш ишороте ба ин мавзӯъ намудаанд.
Таҳрир ва махсусан таҳрири адабӣ дар ҳар кишваре вижагиҳои хоси худро дорад, ки баррасии онҳо масъалаи дигарест. Бо вуҷуди ин хусусиятҳо таҳриргарӣ дар ҳама кишварҳо асосҳои монандӯ мушобеҳи зиёде метавонад дошта бошад. Барқарорсозӣ, таҷдиди аслияти матнҳои адабӣ маъмултарин талаботи таҳриргарӣ маҳсуб мешавад, ки пас аз пайдоиши санъати чопгарӣ ба он аҳамияти хосе медоданд.
Кори муҳаррирӣ ба маънои имрӯзии он танҳо баъди инқилоботе, ки дар даҳаҳои нахустини қарни XX падид омад ва вусъату густариши расонаҳои гурӯҳиву умури табъу нашрро боис гардид, ба зуҳур расид. Ташаккулу пешрафти таҳриргарӣ ба фарогирӣ ва ошноии амиқи таҷрибаи кории нависандагони классик ва муҳаррирони саршиноси замон вобастагӣ дошт. Муҳаққиқон дар ин замина ба фаъолияти муҳарририи нависандагону шоирони номдор таъкид варзидаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё