Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Донишманди фозил Кӯчарзода зикр намуда, ки кори муҳаррирӣ ё таҳриргарӣ дар сарзамини мо низ таърихи қадима дорад. Замоне, ки сухан аз таҳриру таҳриргарӣ дар миён меафтад, чанд мавзӯи дигар ба зеҳн мерасад, ки зикрашон зарур аст. Барои тавсифи саҳифаҳои норавшани таърихи таҳриргарӣ нахуст аз матншиносӣ, шеваҳои китобат анвои қоғаз, зуҳури чопхонаҳо бояд ёд намуд. Истеҳкому зарурати ин пайванд замони бознигарии ҷараёни таъриху шаклгирии он боз ҳам равшантар мегардад, чунки ҳангоми омӯхтану барқарорсозии матн аст, ки кори муҳаррирӣ пайдо мешавад.
Ба андешаи А. Кӯчарзода, «дар миёни қавму миллатҳои сершумори ҷаҳон мисли тоҷикон халқиятҳое ҳастанд, ки бо осори фарҳангӣ ва адабии худ ифтихор доранд. Китобҳои мардумони форсизабон дар қадим дар пӯсти ҷонварон навишта мешуданд. Таърихнигор Ибни Балхӣ дар «Форснома» менависад: «Чун Зардушг биёмад, Виштасф ӯро ба ибтидо қабул накард ва баъд аз он ӯро қабул кард ва китоби Занд оварда буд, ҳама ҳикмат ва бар дувоздаҳ ҳазор пӯсти гови дабогаткарда навишта буд ба зар» [57, 6].
Воқеан, мардуми тоҷик аз зумраи миллатҳое мебошад, ки умри осори хаттии эшон таърихи беш аз сеҳазорсола дорад. Агар чунин аст, пас, таҳрири адабӣ, матншиносии мо низ таърихи дуру дарозеро пушти сар намудааст, зеро тамоми матнҳо ва адабиёти парокандаро ҷамъоварӣ намудан, нусхабардориву китобат кардан, тасҳеҳ намудан худ аз вуҷуди таҳриргарӣ дарак медиҳад.
Мавзӯи дигаре, ки дар асар мадди назар буда, шеваҳо ва меҳварҳои арзёбии асар ва матни адабист. Ба дигар сухан, яке аз риштаҳои маълуму шинохташудаи муҳаррирӣ аз бархӯрди муҳаррир ба адабиёти бадеӣ ё матни адабӣ иборат аст. Ҳадафи ниҳоӣ аз нашри як асари бадеӣ метавонад ҷанбаҳои гуногун дошта бошад, вале дар ин миён бояд дараҷаи самаранокивӣ, қоройӣ, шоистагии он аз ҷониби муҳаррир дақиқкорона таҳйину муайян гардад. Пас нахустин гоми муҳаррир

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё