Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

арзёбӣ ё баҳодиҳии дастнависи асар аз нигоҳи судмандии он аст. Муҳаррир бояд бо донишу биниш, шинохти иртиботу алоқа, манфиати хонандагон натиҷа бигирад, ки асари мавриди назар аз нигоҳи бадеият, мубрамият, эҳтиёҷоти замонӣ шоистаи чоп аст ё не?

Устод Кӯчарзода ба масъалаи марзу ҳадди масъулияти таҳриргарӣ дақиқ шуда, изҳор медорад, ки агар дидгоҳҳои муҳаррир бар пояи адолату воқеияти айнӣ бошанд, аҳамияти ҳунарӣ, адабӣ, ҳусни асарро бозтоб намоянд, ба муаллифи асар ангеза, умед медиҳанд. Аз ин равшан мешавад, ки масъулияту ҳадди ҷавобгарии кори таҳриргарӣ то чӣ андозаест. ХУДИ муҳаррир нахустин хонандаи асар аст, ки симои қаҳрамонон, ҷаҳони пурпечутоб ва эҳсосу авотифи ононро дарку ҳис менамояд. Гоми дуюми муҳаррири адабӣ таъйини роҳҳои комилсозӣ ва тасҳеҳи матни адабӣ мебошад.

Ба ақидаи олими фозил таҳриргарӣ заҳмати сангинест, ки иҷрои он аз муҳаррир забодонӣ, вусъати назар, мутолиоти фаровон ва гузашта аз ин донишу ҳунар мехоҳад. Ин масъала замоне арзишмандтар мегардад, ки мавзӯи пажӯҳиш ба кори таҳририи нависандагони бузурге, мисли Айнӣ пайванд дошта бошад.

Бояд арз дошт, ки дар атрофи корномаи муҳарририи устод Айнӣ муҳаққиқи ёдшуда А. Кӯчарзода дар монографияи «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» дахл намуда буд. Ҳарчанд монография ба масъалаҳои матншиносии осори С. Айнӣ иртибот дорад, вале зимнан ба таҳрирҳое, ки устод зимни чопи муҷаддади асарҳояш анҷом додааст, ишора гардидааст. Аз ҷумла таҳрири романи «Дохунда» ва махсусан, бахши «Оташи ниҳонӣ»-и он ба таври муфассал мавриди арзёбӣ қарор гирифтааст.

А. Кӯчарзода бо диққату мулоҳизаи хос сабабу заминаҳои таҳрирҳои анҷомдодашударо дар матни асар нишон дода, натиҷаи пажӯҳишҳои худро чунин ҷамъбаст мекунад: «Таҳрири дуюм аз ҷиҳати банду баст, ифодаи фикр ва

пешина
аз 226
навбатӣ