Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
бадеият нисбат ба таҳрири аввал пуркувваттар гардида, дар он меҳнати муайяни муаллиф сарф шудааст, ки ин хусусияти таҳрирро низ ба эътибор гирифтан лозим аст» [56, 49].
Дар китоб ҳамчунин дар бораи таҳрирҳое, ки аз ҷониби муаллиф дар матни «Марги судхӯр» ва «Одина» сурат гирифтааст, маълумот дода шудааст. Аз дидгоҳи муҳаққиқ аҳамияти ин таҳрирҳо дар он зоҳир мешавад, ки «таҳрироти минбаъда то чӣ андоза мутаносиб афтодани зоҳиру ботин ва сурату сирати шахси асосии асарро боз ҳам тақвият медиҳад. Қорӣ Ишкамба дар бозор на танҳо ба анвои хӯрокворӣ, пӯшок ва ширавориҳои аз пеши роҳаш бароянда беихтиёр даст мезанад ва шиками чун ҷуссаи шутур бузургашро пур мекунад, инчунин барои ягон имконияти шикампуркуниро аз даст надодан тамоми панҷ узви ҳиссашро ба кор медарорад» [ 56, 50].
Тибқи пажӯҳиши муаллиф, корномаи таҳриргарии устод Айнӣ ба чанд бахш ҷудо мешавад. Бахше аз ҷанбаҳои он зимни омӯзиши номаву мактубҳои эшон равшан мегардад. Бахши дуюми кори таҳририи ӯ марбут ба қайду эзоҳоте мебошад, ки дар ҳошияи осори нависандагон сабт намудааст. А. Кӯчарзода муътақид аст, ки «таҳрироти адабии Айнӣ, махсусан қайдҳои устод дар ҳавошии асарҳои адибону суханшиносони тоҷик дорои аҳамияти калони илмӣ ва омӯзандагӣ буда, дар айни ҳол мавқеи ин шахсияти барҷастаи фарҳангиро дар такмили ҳунари нигорандагии нависандагон ва таҳаввули маънавию лафзии адабиёти тоҷик таъкид менамояд» [56, 78].
Шарҳу эзоҳ ва қайдҳои муҳарририи устод дар осоре, ки аз дигар забонҳо ба тоҷикӣ тарҷума шуда буданд, низ ниҳоят муҳиму арзишманд аст. Дар китоби мазкур бо далелу мисолҳои зиёд нақши С. Айнӣ дар беҳбуду ислоҳи забони осори тарҷумашуда нишон дода шудааст, ки ин аз муносибатҳои ғамхоронаву ҷиддии ӯ ба кори муҳаррирӣ ва аҳамияти он дар зиндагии иҷтимоӣ гувоҳӣ медиҳад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё