Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Тибқи таҳлилу арзёбии А. Кӯҷарзода, устод ҳангоми қайду шарҳҳо оид ба масоили тарҷума, масъулияти тарҷумону муҳарририи осори тарҷумашуда мулоҳиза ронда, пеш аз ҳама, ба суханшинос ва нозукписанд будани онҳоро таъкид мекунад. Дидгоҳҳо ва мулоҳизаҳои С. Айний оид ба тарҷума то ба имрӯз дорои аҳамияти бузурги илмию омӯзишӣ мебошанд.

Муаллиф менависад: «Баъзан Айний маҷбур мешавад, ки нодурустии таъбирҳои ғалатро аз нигоҳи илмӣ исбот кунад. Дар ин мавридҳо устод чун забоншиноси нуктасанҷ ва ҷомеашиноси комил ба назар мерасад. Махсусан, вақте ки сухан оид ба имло ва тарзи навишти муҷмал, ваҳҳоният, мутамаддин барин калимаҳои арабӣ меравад, сатҳи илмии мулоҳизаҳои ӯ ба дараҷот тақвият меёбад» [56, 79].

Ба таври умум ҷойи таъкид аст, ки асари А. Кӯҷарзода дар амри шиносонидани фаъолияти таҳриргарии устод ва вижагиҳои кори ӯ комилтарин асар маҳсуб мешавад. Зимни бознигарии фаъолияти муҳарририи Айний ба масъалаи таҳрири осораш аз ҷониби худи ӯ таваҷҷуҳи хос мабзул шудааст. Аслан дар адабиёти ҷаҳонӣ, чӣ классикиву чӣ муосир, таҳрири осори адабӣ аз тарафи муаллифон падидаи маъмул аст. Намояндагони адабиёти пешини мо низ аксар дар матни таълифоти хеш таҳриру изофаҳое анҷом додаанд. Ба андешаи мавсуф, устод Айний чун ба кори муҳаррирӣ муносибати ниҳоят дақиқу ҷиддӣ дошт, дар матни осори хеш низ таҳрирҳои зиёде анҷом додааст.

Махсусан романи «Дохунда», ки дар боло зикраш рафт, аз осори арзишманди нависанда аст ва қабл аз он ки ба табъ расад, аз ҷониби устод мавриди бозхонӣ ва таҳрир қарор гирифтааст ва яке аз иллатҳои асосии таҳрири он ба сиёсати ҳоким ва замон иртибот мегирад.

Донишманди фозил барои равшан шудани масъала ба муҳимтарин шохисҳои сиёсати замон ишорат намуда, таъкид мекунад, ки дар он айём ҳеҷ асаре бидуни назари масъулини

пешина
аз 226
навбатӣ