Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
сиёсӣ иҷозаи чоп намегирифт. «Дохунда» низ чунин марҳиларо тай намуда. Ба навиштаи муҳаққиқ, дастхати «Дохунда» барои мутолиа ва назархоҳӣ ба яке аз масъулони ҳизбӣ бо номи А.М. Дяков фиристода мешавад ва номбурда бо ёфтани «норасоиҳои сиёсӣ» ба Айнӣ пешниҳоди бознигарӣ медиҳад.
Ба қавли устод Кӯчарзода, ҳарчанд ин нома мисли як шеваи одиву маъмулӣ изҳори назар кардан ба чашм мерасад, дар асл як навъ дастуру фармони таҷдиди назар намудан дар матн буд, ки устод бояд бечунучаро иҷро менамуд ва матнро ба талаби сиёсии диёр мувофиқ месохт.
Тибқи маълумоти муҳаққиқ, агар дар таҳрири аввали роман (соли 1930) тасвири образи Абдуллохоҷа фарогири 5 саҳифа бошад, пас аз пешниҳоди «масъули сиёсӣ» нависанда образро густаришу камол дода, ба 11 саҳифа мерасонад. Матни таҳрирҳо дар китоб оварда шудааст. Муҳаққиқ нақши таҳрири дуюмро дар комил шудани «Дохунда» ниҳоят арзишманд арзёбӣ медонад ва таъкид мекунад, ки таҳрири дувум махсусан дар пухтагиву равонии забони роман ва хусусиятҳои поэтикии асар таъсири ниҳоят амиқ дошт, зеро нависанда бо як ҳунармандии хос симои воқеии Абдуллохоҷаро бо истифодаи ташбеҳу истиораҳои ниҳоят дилчаспу гӯшнишин тасвир намуда буд: «Истифодаи мақолу зарбулмасал, ташбеҳу истиора ва дигар санъату воситаҳои тасвири бадеӣ рӯҳи миллӣ ва хусусиятҳои ҳиссиву эстетикии пораҳои алоҳидаи матнро афзуда, маъниро завқовартару нишонрастар гардонидааст. Ба «гурги бедандон» ва «мурги бечангол» нисбат додани давламандони аз сарвату дороияшон маҳруммонда боиси ифодаи ҷаззобу фасеҳи майли халқиву моҳияти иҷтимоии Инқилоби Бухоро гаштанд» [56, 43].
Нуктаи дигаре, ки аз ҷониби олим таъкид шудааст, ҷанбаи манфии таҳрири дуввум аз нигоҳи мазмуни ғоявии асар аст, ки бар асоси дидгоҳҳои сиёсӣ-идеологии солҳои сиюм сурат гирифтааст, яъне комилан ба назар нагирифтани

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё