Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
нақшу ҷойгоҳ ва муборизаи ҷадидхову ҷавонбухориён, ки ҳадафҳои онҳо заминаву бунёди миллӣ доштанд. Омӯзишу тадқиқи кору фаъолияти ҷавонбухориён бар асоси тадқиқоти муҳаққиқони адабиёт ва таърихнигорон гувоҳ бар он аст, онҳо дар омодасозию амалигардонии Инқилоби Бухоро нақши босазо доштанд. Барои амалӣ шудани ин мақсад тақризи масъули сиёсӣ доир ба «Дохунда» беасар набуд. Дар таҳрири дуюм Абдуллохоҷа перомуни ҷадидҳо чунин изҳори ақида мекунад: «Ҷадидҳо?.. Ҷадидҳо ҳеҷ кор карда наметавонистанд ва пас аз ин ҳам ҳеҷ кор карда наметавонанд, дар асл ҳам онҳо ягон кори дуруст карданӣ набуданд, «давидани гӯсола то каҳдон» гуфтаанд; ниҳояти матлаби инҳо «ислоҳи мактаб», «ислоҳи мадраса» ва «ислоҳи ҳукумати амир» буд. Худ аз худ маълум мешавад, ки ислоҳи як чиз нест кардани он чиз не, балки дурусттар карда пойдор намудани он чиз аст. Дуруст аст, ки ҷадидҳо ба сабаби ин талабҳои хурди худ аз амир хеле зулм диданд, хеле кушта шуданд; дар натиҷаи ин ҳол ба шахси амир ва ба чанд нафар калонони дарбори амир душман ҳам шуданд. Бо ин ҳама гуфта намешавад, ки онҳо ба амир муқобиланд» (Д., саҳ. 271–271).
Равшан аст, ки дар ин порча дигар аз он дилбохтагиву меҳру алоқае, ки Абдуллохоҷа ба ҷадидону ҷавонбухориён дошт, мо нишоне намеёбем. Бояд гуфт, агарчанде таҳрири устод дар қисмати образи Абдуллохоҷа характери маҷбурӣ дошт, вале аз нигоҳи банду баст, бадеият, баён, забону сохтори он асарро неруманду қавӣ гардонид.
Дар осори пажӯҳишии олими арҷманд таърихи таҳрири қиссаи «Марги судхӯр» ва ҷузъиёти он арзёбӣ гардидааст. Аз маълумоти гирдовардаи муҳаққиқ маълум мешавад, ки асари мазкур муддати бист сол зеҳну ҳуши нависандаро ба худ машғул доштааст ва сарчашмае, ки устодро ба таълифи қиссаи «Марги судхӯр» барангехта, тарҷумаи тоҷикии «Марги чиновник»-и А. П. Чехов будааст. [57, 49].

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё