Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» (Душанбе: Матбуот, 2002. – 270 с.) ном рисолаи арзишманди профессор Аламхон Кӯҷарзода ва китоби дарсии эшон бо унвони “Матншиносӣ” (Душанбе, 2017) намоёнгари равишҳо ва паҳнои таҳқиқ, доираи густариши мабоҳиси илми матншиносӣ дар давраи нав, масъалаҳои мубрами соҳаи матншиносии амалӣ дар замони муосир ва таълими асосҳои назарию амалии матншиносӣ ҳамчун предмети алоҳидаи таълим дар низоми таҳсилоти олӣ марбут ба як шохаи муҳими илми филологияи тоҷик мебошанд.
Лозим ба таъкид аст, ки усули таҳқиқ ва мутолиаи матншиносии осори адабии давраҳои гуногуни адабиёт аз ҳам тафовут доранд: «Таърихи матн агар дар адабиёти қадим ва асримиёнагӣ таърихи мавҷудияти он дар қарнҳову замонҳо бошад, пас дар адабиёти муосир чун ҷараёни таҳаввул ва басомонрасии осори нависандагони барҷаста ба назар мерасад...». Аз ин ҷост, ки рисолаи илмии мавриди назар дар чаҳор боб ва дар навбати худ, ба зерфаслҳо ҷудо шудаанд, бо таваҷҷуҳ ба қазияи мазкур баррасии масъалаҳои таърихи матншиносии тоҷик, таърихи эҷоди асар ва маҳорати нависанда, нусхаҳои замони ҳаёти адиб ва услубиёти матн, нашри осори устод Айнӣ баъд аз вафот ва роҳҳои ба вуҷуд овардани матни илмиро фаро гирифтааст.
Аз исми рисола пайдост, ки он асосан ба масоили матншиносии насри устод Айнӣ бахшида шудааст. Маҳз ба таҳқиқу баррасии масъалаи мазкур таваҷҷуҳ кардани профессор Аламхон Кӯҷарзода бесабаб нест, зеро вазъи таҳия ва чопи илмӣ-интиқодии осори адибони садаи бисти тоҷик, аз ҷумла офаридаҳои адабии устод Айнӣ, чунон ки муаллиф таъкид кардааст, мувофиқи мақсад нест. Барои мисол, то кунун танҳо чопи илмию интиқодии панҷ асари устод Айнӣ – «Мухтасари тарҷумаи ҳоли худам», «Одина», «Таҳзиб-ус-сибён», «Тартил-ул-Қуръон» ва «Заруриёти диния» ба миён омадаасту бас. Дигар ин ки то ба ҳол “Куллиёт”-и 15-ҷилдаи устод Айнӣ ба пуррагӣ чоп нагардидааст. Ин ҳама далел бар

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё