Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

онанд, ки мероси бадеӣ ва бойгонии мукаммали нависанда омӯзиши ҷиддии матншиносиро интизоранд.

Барои ба амал овардани ин мақсад профессор А. Кӯчарзода анҷоми корҳои зеринро дар навбати аввал зарур мешуморад, ки андешаҳои мудаққиқонаанд:

  1. Тартиб ва танзими рӯйхати мукаммали маводе, ки дар бойгонии нависанда маҳфузанд;

  2. Ба вуҷуд овардани феҳристи пурраву комили осори устод Айнӣ. Феҳрастҳои мавҷуда ҳанӯз фарогири кулли нигоришоти чопшудаи адиб нестанд. Ба ин манзур, таваҷҷуҳ ба нусхаи чопӣ, аз ҷумла, чопи нусхаи рӯзномаву маҷаллавии асарҳо махсусан муҳим аст;

  3. Таҳқиқи коргоҳи эҷодии нависанда, яъне муайян кардани иллати пайдоиши фикр дар хусуси эҷоди ин ё он асар, оғози навиштани асар ва анҷоми он, сабабҳои таҳрироти баъдии осор, баъзан аз навиштан ё таҳрири ин ё он асар даст кашидани адиб ва ғайра;

  4. Ҳангоми омода кардани чопи навбатии “Куллиёт” диққати ҷиддӣ додан ба қисмати «Тавзеҳот ва ташреҳот», ба дараҷае ки ин қисмат битавонад ба талаботи илмӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии замон комилан ҷавобгӯ бошад...

Мусаллам аст, ки ин ё он асари адабӣ дар адвори гузашта эҷодшуда то ба замони мо роҳи дуру дарозеро тай карда, дар ин давраи ҳаётӣ ба иллати даҳолати носихону котибон ва муҳаррирону мусаҳҳеҳон таҳрифу тасҳиф меёбад. Дар ин замина аз як асар нусхаҳои зиёде падид меоянд, ба ҳадде ки баъзе нусхаҳо бо воридоти беруна махлут гардида, аз аслӣ худ тамоман дур мешаванд. Ин ҳолат кори матншиносонро бамаротиб душвор мегардонад.

Барои раҳоӣ аз мушкилӣ ва ҳалли ин муаммо ва ба даст овардани нусхаи асосӣ матншиносро зарур аст, ки сабабҳои таҳрифу таҳриби мутуни асарҳоро муайян карда, сонӣ ба кори амалӣ бипардозад. Бинобар ҳамин, профессор А. Кӯчарзода, қабл аз вуруд ба кори матншиносӣ, ба масъалаи мазкур таваҷҷуҳ зоҳир карда, дар натиҷаи омӯзиш ва муқоисаи

пешина
аз 226
навбатӣ