Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

далоили зиёде иллатҳои зеринро баршуморидааст, ки ҳукми дастури назариро доранд: «Агар котибони кундзеҳну кӯтоҳандеш ва бедиққат аз нофаҳмию камсаводӣ муҷиби костагии нусхаҳо гардида бошанд, муншиёни хушзавку ҳунарманд дидаву дониста, мувофиқи салоҳдиди худ матнро тағйир медоданд... Нотавонбинӣ, ғаразҳои шахсӣ, хусуматҳои мазҳабии носихон ва шароитҳои иҷтимоии давр низ боиси костагии матнҳои аслӣ мегардиданд... Дар гузашта бо як тахаллус эҷод кардани адибони гуногун, ки боиси махлутии осори адибони ҳамтахаллус мегардид ва ривоҷи бемайлони бозори китоб, ки диққати носихонро бештар ба санъатҳои хаттотиву саҳҳофӣ ҷалб намуда, боиси дар нусхаҳо афзудани саҳви қалам мегардид (ба дараҷае ки беҳтарин хаттотон ҳам ба ин нуқс гирифторӣ доштанд), низ боиси таҳрифу таҳриби мутун гардидаанд”.

Чунин масъалаҳоро дар доираи мабҳаси «таърихи матншиносии тоҷик» баррасӣ кардани профессор А. Кӯҷарзода бесабаб нест. Вай нахуст манбаъҳои матншиносии тоҷик, мушкилоти ба чопи илмӣ тайёр кардани асарҳои адабиёти классикии тоҷик, Садриддин Айнӣ ва масъалаҳои танқиди матн, масъалаҳои матншиносии адабиёти муосири тоҷик барин масъалаҳоро, ки хусусияти муқаддимотӣ доранд, мавриди омӯзиш қарор дода, баъдан ба ирои андешаҳои назарияи хеш шурӯъ кардааст, ки онҳо дар се боби охири рисола ба таври мудаллал баён гардидаанд.

Қабл аз ин рисола низ профессор А. Кӯҷарзода ба масъалаҳои матншиносии асарҳои бадеии устод Айнӣ машғул гардида, тадқиқоти нисбатан мукаммалеро бо унвони «Тадқиқоти текстологияи «Одина»-и С. Айнӣ» таълиф ва дар шакли китоб чоп карда буд. Ин маънои онро дорад, ки матншинос кулли дастовардҳои матншиносии хешро, ки натиҷаи заҳмати бисёрсола мебошад, дар рисолаи мавриди назар ҷамъбаст кардааст. Воқеан, ин рисола «бо масъалагузорӣ, муҳокимаронӣ ва ҷанбаи назариву амалии худ имконият медиҳад, ки айнишиносӣ дар пояи боз ҳам мустаҳкам ва

пешина
аз 226
навбатӣ