Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
бо ҳуҷҷатҳо асоснокшудаи илмӣ қарор гирад, табъи матнҳои саҳеҳу илмии осори Айнӣ барин классикони адабиёти муосир ба ҳукми анъана дарояд...».
Гузашта аз ин, ба назари мо, яке аз муҳимтарин дастовардҳои фаъолияти матншиносии профессор А. Кӯҷарзода омода ва чоп кардани матни илмию интиқодии қиссаи «Одина» мебошад. Ин китоб соли 1992 дар нашриёти «Дониш» ба табъ расида ва дар таърихи насри садсолаи охири тоҷик аввалин матни асари мансури адабиест, ки дар асоси омӯзиши ҷиддии матншиносӣ фароҳам оварда шудааст.
Дар шакли мазкур чоп шудани асар гувоҳ бар он аст, ки «яке аз усулҳои муҳимтарини матншиносӣ — аввал омӯхтани матн ва баъд чоп кардани он» дар насри муосири тоҷик татбиқ шудааст. Барои анҷоми ин кор муҳаққиқ як дастхат ва кулли нашрҳои қиссаи «Одина»-ро, аз чопи нокомили рӯзномавӣ (1924-1925) ва ҳафт чопи китобии он, ки дар байни солҳои 1927-1958 сурат гирифтааст, мавриди мутолиаи матншиносона қарор дода, натиҷаҳои бадастомадаро дар рисолаи ҷудогонае ҷамъбаст кардааст, ки дастовардҳои он аз назари илмӣ арзиши баланд дорад. Муаллиф ҷустуҷӯи хешро перомуни ин масъала идома бахшида, бо таваҷҷуҳ ба манзараи умумии матншиносии асарҳои бадеии устод Айнӣ назарияи тариқи ба чопи илмӣ омода кардани қиссаи «Одина»-ро ироа кардааст, ки андешаҳои назарияи матраҳгардида, бешак, барои ба чопи илмию интиқодӣ омода кардани ҳама гуна асари насри бадеӣ ҳукми дастури назариро доранд.
Дар воқеъ, ҷанбаи назариявии рисолаи «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С. Айнӣ» пуркувват ва дар матншиносии насри бадеии тоҷик бесобиқа мебошад. Бесабаб нест, ки ин асари профессор Аламхон Кӯҷарзода сазовори мукофоти адабии ба номи устод Айнӣ гардидааст.
Хушбахтона, беш аз даҳ сол аст, ки дар факултетҳои филологии кишвари мо фанни матншиносӣ ба барномаи таълимӣ ворид карда шудааст. Дар солҳои шастуму оғози солҳои ҳафтудум ин фанро донишманди маъруф, зиндаёд

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё