Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Абдулғанӣ Мирзоев таълим медоданд, вале то оғози солҳои 2000-ум ин фан аз барномаи таълимӣ берун монда буд. Дар факултети филологияи ДМТ чанд сол ин фанро профессор А. Кӯчарзода дарс медоданд, ки худ дар ин замина таҳқиқоту таълифоти арзишманд доранд. Вале то имрӯз масъалаи таълифу таъмини донишҷӯён бо китоби дарсӣ ҳалли худро наёфта буд. Донишманди зиндаёд Абдуманнони Насриддин китобе бо унвони “Матншиносии осори адабӣ” (2009) таълиф ва нашр намудаанд, ки ба масъалаҳои матншиносии осори адабии асримиёнагӣ бахшида шудааст. Доир ба масъалаҳои матншиносии осори адабии муосир то имрӯз китобе чоп нашуда буд. Маҳз бо кӯшиши профессор А. Кӯчарзода камбуди китоби дарсӣ аз фанни мазкур бартараф гардид. Дар воқеъ, таълифи китоби дарсӣ “Матншиносӣ” аз ҷониби профессор А. Кӯчарзода дар шароити кунунӣ иқдоми зарурӣ ва саривақтӣ маҳсуб мешавад.

Китоби дарсии мазкур мутобиқи низоми нави таълим буда, шомили дарсҳои назарию амалӣ, мавзӯъҳои корҳои амалии донишҷӯён (КМРО) ва намунаи саволҳои тестӣ доир ба мавзӯоти матншиносии адабиёти давраи навини тоҷик мебошад. Муаллиф дар шонздаҳ фасл мавзӯъҳои мубрами матншиносиро ба доираи таълими дарсҳои назарию амалӣ ворид намудааст, ки шомили масоили зайл мебошанд: матншиносӣ ҳамчун соҳаи мустақили илми адабиётшиносӣ; матншиносии умумӣ ва матншиносии фардӣ; муносибати матншиносӣ ба илмҳои дигар; матни асл ва тарҷумаи бадеӣ; матншиносӣ ва рӯзноманигорӣ; нигоҳе ба таърихи нақди матн; иродаи эҷодии нависанда; таърихи матн ва ҷараёни эҷод; муаммоҳо ва шартҳои нақди матн; омӯзиши матн пеш аз чопи он; матни асосӣ ва сарчашмаи матни асосии асар; барқарор намудани матни илмӣ-танқидӣ; дастҳои ёрирасони матн; навъҳои чопи осори адибон; ба чоп омода сохтани матнҳои осори классикӣ; омӯзиши матн дар адабиёти муосир. Дар баррасии мавзӯоти мазкур муаллиф ба таҳқиқоти матншиносони варзидаи хориҷию ватанӣ такя намуда, кӯшидааст,

пешина
аз 226
навбатӣ