Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
ки матншиносиро чун соҳаи мустақили илми адабиётшиносӣ муаррифӣ ва мабоҳиси фанни мазкурро мушаххас намояд. Бо ҷудо намудани матншиносӣ ба ду бахш: умумӣ ва фардӣ вусъати доираи фаъолияти матншиносон ва дар ин замина омӯзишу таҳқиқи он равшан мешавад. Бино ба таҳқиқи муаллиф, матншиносӣ бо илмҳои зиёди филологӣ алоқаманд буда, ба матншинос омӯхтани ин илмҳо зарур аст. Масъалаи матни асосӣ ва тарҷумаи бадеӣ аз ҷумлаи масоилест, ки барои саҳҳеҳ баргардонидани матни асари бадеӣ ба тарҷумон ва муҳаққиқи матни асар бидуни мушкил муяссар намегардад ва муаллиф барои исботи ин муддао мисолҳои мушаххас овардааст. Таърихи матни асари бадеӣ аз муҳимтарин мабоҳиси матншиносист, зеро нависанда ба таҳриру такмили асари худ чандин маротиба даст зада, дар ин миён худ низ такмил меёбад ва ҷараёни такмилу таҳрири асари бадеӣ ба ҳайси таърихи матн шоёни тааммулу омӯзиши ҷиддист.
Муаллифи китоби дарсӣ ба масоили мубрами матншиносӣ, чун нақди матн ва муаммою шартҳои он, омӯзиши матн пеш аз чопи он, матни асосӣ ва сарчашмаи матни асосии асар, барқарор намудани матни илмӣ-танқидӣ, дастгоҳи ёрирасони матн, навъҳои чопи осори адибон, омӯзиши матн дар адабиёти муосир дахл намуда, барои донишомӯзон мабоҳиси омӯзандае пешниҳод намудааст. Муаллиф бо баррасии масоили матншиносии адабиёти давраи навини тоҷик қаноат накарда, ба баъзе масъалаҳои матншиносии асарҳои адабиёти классикӣ, бахусус, ба чоп омода сохтани матнҳои осори классикӣ низ диққат додааст, ки ин ҷиҳат арзиши илмию таълимии асарро боло бурдааст.
Яке аз имтиёзҳоти китоби дарсии мавриди назар дар он
аст, ки муаллиф бо баҳсҳои назарӣ иктифо накарда, як даста
мавзӯотро барои дарсҳои амалӣ ва корҳои мустақилона омода
ва пешниҳод намудааст, ки барои дар амал татбиқ намудани
дониши назарии шогирдон кумаки зиёд менамояд. Ба сифати
корҳои мустақилона мавзӯъҳои зайл омода ва пешниҳод
шудаанд: сарчашмаи муътамади матн; мусаввада - маъхази

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё