Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

Шоҳзамон Раҳмон,
профессор

МУҲАҚҚИҚИ МАТНИ
ИНТИҚОДИИ «ОДИНА»

Асаре, ки мо ҳоло дар даст дорем, матни интиқодии ҳиссаи «Одина» мебошад. Муаллиф онро дар асоси дастхати соли 1925 ва вариантҳои гуногуни нашри оммавии солҳои 1927, 1931, 1935, 1938, 1948, 1958, 1964 тайёр намудааст. Мо дар ҳошияи матни асосии қисса ҳамаи тағйирот ва дигаргуниҳои дар «Одина» ба вуҷуд омадаро ба хубӣ мушоҳида менамоем. Муҳаққиқ доктори илмҳои филологӣ, профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аламхон Кӯчарзода дар ин ҷо чунин калимаву ибора, ҷумлаҳо, ҳатто матнҳои мустақилро пайдо карда барқарор сохтааст, ки баъди борҳо нашр шудани асар як матни саҳеҳу мукаммал ба хонандагон пешниҳод кардааст. Ӯ матни соли 1948-ро, ки Абдусалом Деҳотӣ таҳия кардааст ва баъд нашри куллиётии “Одина”-ро як андоза нашри беҳтару асосӣ ба қалам медиҳад. Мехоҳад, ки нашри академии осори устод Айнӣ, алалхусус “Одина”-ро дар муқоиса аз нав таҳия намояд. Лекин барои ин кор пурра дастрас набудани маводи бойгонии устод Айнӣ, тамоми дастгоҳи эҷодии ӯ, нақшаву мусаввада, сиёҳнавису тозанавис ва нусхаҳои гуногуни чопи асарро дар тайёр кардани матни илмӣ ҳанӯз барвақт меҳисобад. Ӯ тайёр аст, ки чунин намунаи асарҳои устод Айниро ҳар чӣ барвақт ба самъи хонандагон бирасонад.

Дар нашрҳои гуногуни қиссаи «Одина», ба фикри ӯ, бисёр калимаву ибора аз алифбои арабӣ нодуруст ба хати лотиниву кириллӣ гузаштаанд: «диндор» — «дунёдор», «чашми» — «ҷазми», «гузошта» — «гусаста»... ё калимаву таркибҳо аз ҷиҳати овозҳои фонетикӣ, фразеологӣ ва дигар ҷузъҳои грамматикӣ халал дидаанд. Баъзе калимаву ибораҳо

пешина
аз 226
навбатӣ