Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
соқит шудаанд, ки мураттиб шакли саҳеҳашонро мисли «болоям» — «болои ронҳоям», «Одинаро»— «имшаб Одинаро», «самари» — «самари меҳнати», «Гулбибиро никоҳ кард» — «Гулбибиро ба Ибод никоҳ хоҳад кард» ва монанди инҳо пайдо кардааст, ки дар ин аҳвол равшанӣ, ҷилои нави мантиқии асар мекоҳад. Аламхон бо ин кори барҷастааш гӯё як бор қиссаро аз ғалбер гузаронда, тоза карда, донаҳои оҳарии пайдокардаи устод Айниро аз нав ба мардум пешниҳод менамояд. Хусусан аз бобе, ки муҳаққиқ ба унвони «Гуногунхониҳои матн ва ислоҳи сукути калимаю таркибот» пеш гузоштааст, мо на танҳо ба ислоҳи майдатарин иллатҳои аломатҳои китобӣ (пунктуасионӣ), балки дар нашрҳо партофтани ҷумла, пораҳои шеър ва матнҳои комилро мушоҳида менамоем. Мураттиб ҳамчунин сабабҳои дар рӯзномаи «Овози тоҷик» пурра чоп ва чӣ навъ мухтасар нашр гардидан, инчунин соқит шудани дунболай қиссаро ёдовар мешавад ва сарсуханҳои матнро, ки худи устод Айнӣ навиштааст, пурра меорад.
Дар нашрҳои гуногуни қиссаи «Одина» як қисм матнҳое сукут дидаанд, ки аз ҷиҳати ҳусни сухани бадеӣ, шеърияти тасвир услуби нависандаро мекоҳонанд, аз нав барқарор кардани матн аз ҷониби устод Кӯчаров назокат ва ҷозибаи сухани муаллифро пайдо менамоянд. Чунончи: «Қаротегин... Ин чӣ қадар ҷойи азизу муборак буд, ки Одина азизтарин умри худро, ки айёми хурдсолиаш аст, дар ин ҷо ба висоли Гулбибӣ гузаронида буд» (саҳ. 217). Ин гуна порчаҳоро, ки ба мисли шеър шунида мешаванд ва бисёр калимаву таркибҳоро муҳаққиқ аз байни дастхати устод чун дурдонаҳои қиматбаҳо кофта ёфта, ба хонандагон пешниҳод кардааст. Се дастхати соли 1925-и “Одина” ва дигар намунаҳои дастхату намунаҳои нашри ин асар барои Аламхон Кӯҷарзода манбаъҳои гаронбаҳо, омили ҷиддӣ ва ҳамчун меъёр мебошанд, ки аз рӯйи онҳо камию костӣ, дигаргуниҳои дар асар рӯйдодаро пайдо ва муайян кардан мумкин аст. Заҳмате, ки вай дар ин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё