Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

асари устод Айнӣ кашидааст, минбаъд роҳу равиши Аламхонро дар илми матншиносӣ муайян кард ва ӯ алҳол аз мутахассисони неруманду варзидаи ин соҳаи илми адабиётшиносӣ ба шумор меравад, ки дар ин соҳа ҳамтояшро кам дидан мумкин аст.

Таҳқиқоти Аламхон оид ба ҳусну қубҳи ин асар моро аз нозукиҳои илми матншиносӣ ва тақдири қиссаи «Одина» огоҳ менамояд. Мо аз ин фаъолияти муҳаққиқ ба хубӣ мефаҳмем, ки устод дар нахустин нашри он чӣ заҳматҳое аз сар гузаронидааст, душмани миллат нахустин дастхати устодро дар матбаа нест карда буданд, бинобар ин ҳоло аз он дастхат нишонае нест.

Дар рисола инчунин тавзеҳот ҳаст, ки муҳаққиқ ба ҳар калимаву ибораҳои арабиву форсӣ, аврупоӣ, номи касбу кор, исми ашхоси гуногун эзоҳи бисёр мукаммал додааст. Хонандагон аз тавзеҳот пурраву ҳамаҷониба қонеъ мегарданд, зеро ҳама муфассалу воқеӣ ифода шудаанд. А. Кӯҷарзода ҳамчун муарриху муҳаққиқ манбаъҳои гуногуни илмиву адабии ин асарро аз назар гузаронида, саҳеҳ маълумот медиҳад, ба ҷойи баъзе калимаву истилоҳот шакли дурусти онҳоро ёфта мегузорад. Дар асар як миқдор калимаву ибораҳое дучор мешаванд, ки аслан душвор нестанд (сукут, узор, машруҳ, мусовот, ҳадар...), аммо ба сабаби он ки хонандагони тоҷик дар солҳои қарахтии сиёсӣ аз нозукиҳои забону ифодаҳои баён хеле дур ва аз шираву шарбати забон маҳрум гардида буданд, чунин тавзеҳи мукаммал ба ғано гирифтани забони хонандагон шароит муҳайё менамояд, дидаву дониста онҳоро дар ҷояшон мегузорад.

Ба фикри мо, дар боби сукути калимаву ибораҳо такрори сухан дар нашрҳои гуногун агар ҷадвал рост мекард, такрори суханони мураттиб қатъ мегардид ва дар зернавишти матни «Саргузашти як тоҷики камбағал» овардани қайду ишораҳо мусоидат менамуд.

пешина
аз 226
навбатӣ