Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Хулоса, мураттиб нуқсу иллатҳои дар матн омадаро бо эҳтиром бар дӯш дошта, ҳамаи нашрҳои қиссаи «Одина»-ро калима ба калима не, балки ҳарф ба ҳарф санҷидаву омӯхта, тадқиқ намуда, як кори муҳим ва бахайру арзандаеро анҷом додааст. Ӯ чунин кори шоистаеро сари вақт ва барвақт ба анҷом расонидааст. Мо пас аз мушоҳидаҳо ва тадқиқоти устод Аламхон, дар ҳақиқат, эҳсос менамоем, ки чунин қиссаи шоирона ва пуробуранг навиштаи устод С.Айнӣ солҳои зиёд ноқис ва ғалат нашр шуда меомадааст. Ин кори заҳматталаби устод Аламхон ба яке аз аввалин қиссаи устод С.Айнӣ аз нав ҳусни пештара ва табиияшро мебахшад ва чӣ кори савобе иҷро менамояд. Бо тозакориҳои ин муҳаққиқ барвақт ва аз нав нашр шудани қиссаи устод Айнӣ пеши роҳи хатоҳои дар тарҷума ва ба дигар забонҳо нашр шуданашро хоҳад гирифт.
Кӯҷарзода дар китоби “Тадқиқоти текстологии “Одина”-и С. Айнӣ” (1982) роҳу усулҳои матншиносиро дар асоси матнҳои гуногуни чопи ин қисса — бо даҳолати ҳуруфчиному рӯбардоркунандагон, муҳаррирон ва дигар шахсони масъул таҳқиқ намуда, минбаъд бо дастрас гардонидани таҳрирҳои гуногуни дастнависҳои Одина (2802, 40/40, 40/41) матни илмии асарро соли 1992 пешкаши хонандагон гардонд.
Истифодаи калимаҳои русию байналмилалӣ, ибораҳои динию ирфонӣ (кашфи қулуб ва сайри сулук), афтидани калимаву таркибҳои ба касе, имшаб, бори (зери бори меҳнат), лаби (пояш ба лаби гӯр расида), на пул доштанд ва на фарзанд, на ҷавонӣ ва на зӯр, чеғ занондан, сукути ҷумлаи “Модари Шариф ба ин ҷо бо як иттифоқи аҷиба рафтуйнок шуда буд”, матни сӯзу гудози Бибиоиша монанди мори сарбурида ва мӯйи оташдида ба мулоҳизаи устод Аламхон “дар аввалин матни китоби афтида ва дигар барқарор нашудааст” (Матншиносӣ, с. 115). Аз матнҳои чопӣ афтидани чунин калимаву ибора ва таркибҳо, ба қавли муаллиф, “алоқаи ҷузъҳои ҷумларо барҳам зада, мақсади ғоявии

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё