Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
муаллифро пурра ошкор намегардонанд, хонандаро ба иштибоҳ андохта, услуби баёни нависандаро мекоҳонанд ва халалдор месозанд. Худи муаллиф ба исрор таъкид менамояд, ки аксари саҳву хатоҳо аз бедиққатӣ ва саҳлангории масъулони чоп ба миён омадаанд. Мо чунин саҳву хатоҳоро дар тарҷумаҳои ба русӣ кардаи П.П.Введенский, З.Хатсревин, С.Бородин боз бештар мебинем, ки матнҳо ва шеърҳоро зиёд парокандаанд.
“Тадқиқоти текстологии “Одина”-и С. Айнӣ” (1982), “Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик” (1994), “Нақди матни осори С.Айнӣ” (2000), “Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри С.Айнӣ” (2002), Нақди матн ва нақди адабӣ” (2017), Матншиносӣ” (2017) асарҳои баркамол ва пурбаҳое мебошанд, ки муаллиф дар онҳо дар бораи матни асарҳои устод С.Айнӣ –“Дохунда”, “Ғуломон”, “Марги судхӯр”, “Ятим”, Куллиёти ашъор, инчунин “Парии бахт, “Ҳасани аробакаш”, “Шӯроб”, “Сурӯши Сталинград”, “Камони Рустам” ва дигар адибони тоҷик ва ғайри онҳо мулоҳизаҳои ҷолиб ва хайрхоҳона баён менамояд. Кӯшиш ва орзуҳои муаллиф чунин будааст, ки муҳаққиқону донишмандон ва дастбакорони матбаа дар сари матни адабӣ камҳавсала набошанд, худро ҳамеша ба қадри заҳмату меҳнати адибону донишмандон бетараф нагиранд, дар ин ҷода корҳое ба субут расонанд, ки сабаби парвози хаёлу андешаҳои адибону муҳаққиқон шуда тавонанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё