Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Дар ҷодаи илму таълим ба кам касоне муяссар шуда, ки кори эҷодии худро аз таҳқиқи масъалаҳои ҷузъии як самти мушаххас шурӯъ намуда, то дараҷаи болои пажӯҳишҳои концептуалӣ расида бошанд. Ин кори мушкил, аммо бошараф аст, ки тавассути меҳнату заҳмати доимӣ, самимияти касбӣ, неруи тавонои эҷодӣ, сабру таҳаммул ва иродаи қавӣ сурат мегирад.
Доктори илмҳои филологӣ, узви вобастаи Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, профессор Аламхон Кӯчарзода аз қабили он шахсиятҳои маъруфи эҷодианд, ки дар ҷодаи пажӯҳиши илмӣ, ба замми масъалаҳои гуногуни адабиёти муосирро омӯзишу таҳқиқ намудан, ба соҳаи мустақили адабиётшиносӣ - матншиносӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ба сифати яке аз асосгузорони ин соҳа дар адабиётшиносии тоҷик шинохта шудаанд.
Матншиносӣ мисли соҳаҳои дигари илмҳои филологӣ вижагиҳои ба худ хос дорад, ки дарку фаҳм ва баррасии онҳо нигоҳи касбиро талаб мекунад. Ин ҷо мо чунин даъво надорем, аммо ба шарафи эҳтирому ихлос ва самимияти ҳамкориву дӯстӣ бо профессор Аламхон Кӯчарзода хостем баъзе ҷанбаҳои фаъолияти матншиносии ӯро иҷмолан бознигарӣ кунем.
Матншиносӣ ҳамчун як соҳаи муҳими илмҳои адабиётшиносӣ нисбатан ҷавон бошад ҳам, чун соҳаи ёвар таърихи дерина дорад. Дар ибтидо вазифаи асосии он ҳамчун соҳаи ёвари илмҳои адабиётшиносӣ ба табъ расонидани матни асарҳои бадеӣ маҳсуб меёфт. Бо инкишофи адабиёти бадеӣ тарзу усулҳои таҳияи асарҳо барои чоп такмил ёфта, вижагиҳои хоссаро касб намуданд. Бо ташаккули ин вижагиҳои хос матншиносӣ ба сифати соҳаи мустақили адабиётшиносӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё