Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
шинохта шуд, ки ҳамчун «илми мустақил таърихи матни асарро меомӯзад» (9, 33).
Профессор Аламхон Кӯчарзода низ дар оғози фаъолияти эҷодӣ ба пажӯҳиши масъалаҳои адабиёт машғул шуда, тадриҷан ба як соҳаи он майл кард, ба он меҳр баст ва ин соҳаро меҳвари асосии фаъолияти илмиву таълимии худ қарор дод. Ӯ дар ин самт кори худро аз омӯзиши асарҳои устод Айнӣ, бавижа қиссаи «Одина» оғоз бахшид ва дар заминаи омӯзиши ҷиддии чопи нопурраи рӯзномавӣ, ҳафт нашри алоҳидаи асар (1927, 1931, 1935, 1938, 1948, 1958) маҳсули пажӯҳишҳояшро ба анҷом расонид, ки соли 1982 бо номи «Тадқиқи текстологияи «Одина»-и С. Айнӣ ба табъ расид.
Бино ба таҳқиқи матншинос Кӯчарзода аввалин матни дастрасгардидаи қисса «Саргузашти як тоҷики камбағал» (Аз хотираҳои истибдод) мебошад, ки дар шумораҳои аз 23-юми ноябри 1924 то 5-уми майи соли 1925-и «Овози тоҷик» нашр шудааст. Устод Айнӣ баъди қатъ гардидани чопи қисса дар рӯзнома, онро коркард намуда, соли 1925 ба Нашриёти давлатии Тоҷикистон пешниҳод кардаанд.
Ин аз аввалин тадқиқоти матншиносӣ доир ба осори С. Айнӣ буда, ҳукми муқаддимавӣ дошт. Муҳим он буд, ки матншинос А. Кӯчарзода собит намуд, ки нақди матни асарҳои нависандагонро бидуни матнҳои хаттӣ – дастхат, мактубҳо, иловаҳо анҷом додан ғайриимкон аст. Бинобар ин ӯ дар назди худ масъала гузошт, ки то дастхати тозанавишудаи «Одина» барқарор нагардад, масъалаи чопи матни илмии ин қисса ҳалли худро пайдо намекунад.
Муҳаққиқ пажӯҳиши таърихи матни асарро идома дода, имконияти омӯзиши дастхатҳои ин қиссаро пайдо кард. Ӯ маълум намуд, ки дар бойгонии Осорхонаи устод Айнӣ таҳти рақамҳои 44/40, 44/41 ва 2802 се дастхати қиссаи «Одина» маҳфуз аст. Ин дастхатҳо ба муҳаққиқ ҷиҳати барқарор намудани камбудиву норасоиҳо ва иловаҳо, ки ҳангоми таҳрири дубораи нависанда, дахолати ҳурӯфчинон, рӯбардоркунандагон, мошинанависон, муҳаррирон ва дигар шахсони ба чоп

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё