Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

масъул содир ва ворид шудаанд, ёрӣ расонидаанд. Ӯ бо омӯзиш ва муқоисаи матни қаламии дастхати рақами 2802-и қиссаи «Одина» маълум намуд, ки «аксари саҳву хатоҳои хурду калон аз бедиққатӣ ва саҳлангории ҳуруфчинон, мусаҳҳеҳон ва дигар шахсони мутасаддии чоп сар задааст» (7, 68).

Тадқиқгари қиссаи «Одина» дар заминаи дастхати тозанависшуда аввалин матни илмии осори С. Айнӣро таҳия намуд, ки соли 1992 аз ҷониби нашриёти «Дониш» ба табъ расид. Ҳангоми тайёр намудани матни илмии ин асар аз ҷониби муҳаққиқ наздик ба 250 хато, аз қабили афтидан ва ё иваз шудани ҳарф, калима, таркиб, ибора, ҷумла ва номувофиқиҳои хурду калон ошкор ва бартараф карда шудаанд. Матни илмии «Одина» аз ду фасл – матнҳо ва иловаҳо таркиб ёфтааст. Дар он дар баробари матни саҳеҳ, нусхаи нопурраи қисса аз рӯзномаи «Овози тоҷик» низ оварда шудааст. Дар бахши иловаҳо сарсуханҳои нависанда ба матнҳои гуногуни асар, таърихи эҷод ва усулҳои чопи илмии «Одина», гуногунхониҳои матн, тавзеҳу ташреҳот, феҳристи ин асар ва адабиёти илмӣ доир ба он ҷой дода шудааст.

Бо ин пажӯҳиш мунаққид ба муҳимтарин усули нақди матн – «аввал омӯхтани матн ва баъд чоп намудани он», ки аз ҷониби академики рус А.А. Шахматов ба илми матншиносӣ ворид шудааст, тақвият бахшид ва дар насри муосири тоҷик усули «аввал омӯхтани матн ва баъд чоп намудани онро» татбиқ кард (6, 7).

Дар омӯзиши таърихи матни қиссаи «Одина» муҳаққиқ натанҳо шакли тоҷикии асар, балки тарҷумаҳои онро бо забонҳои русӣ ва ӯзбекӣ низ мавриди тадқиқ қарор додааст. Бахусус тарҷумаҳои П.П. Введенский ва З.Л. Хацревин ба забони русӣ мавриди таваҷҷуҳи матншинос қарор гирифтанд. Ӯ дар фасли «Андешаҳо оид ба тарҷумаи русии «Одина»-и китоби «Матншиносӣ» ду тарҷумаи як асарро, ки аз ҷониби мутарҷимони мазкур сурат гирифтааст, ба баҳси илмӣ кашида, бо овардани порчаҳо ва муқоисаи онҳо, аз як тараф, таърихи тарҷумаи қиссаи «Одина»-ро ба забони русӣ ва, аз

пешина
аз 226
навбатӣ