Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

ҷониби дигар, дараҷаи маҳорати тарҷумонии П. П. Введенский ва З. Л. Хаҷревинро муайян мекунад. Ба мушоҳида ва хулосаҳои матншинос тарҷумаи З. Л. Хаҷревин нисбатан беҳтар буда, тарҷумаи П. П. Введенский бошад, «дар бисёр лаҳзаҳо бо халал ёфтани пайдарҳамии сюжет, таҳриф гардидани ҳақиқати воқеӣ ва далелҳои таърихӣ, маънои аксро касб кардани сухани персонажҳо ва ғайра поэтикаи повести «Одина» ва услуби фардии нависандаро як андоза коста, қимати матни русии повестро паст кардааст» (7, 127).

Баъдтар адабиётшинос дар асоси омӯзиши дафтарҳои хотира, мукотибот, ёддошт, қайдҳои хомакӣ, нақшаҳо, нусхаҳои сиёҳнавису тозанавис ва қаринаҳои чопии асарҳои С. Айнӣ, минҷумла «Марги судхӯр», «Дохунда» ва «Ғуломон» тадқиқи матншиносии сардафтари адабиёти муосири тоҷикро идома дода, дар ин замина як қатор масъалаҳои баҳсталаби эҷодиёти ин нависандаи маъруфро ошкор намуд.

Бо таҳқиқи таърихи матни ин асарҳо аз ҷониби матншинос натанҳо бедиққатӣ ва саҳлангории дастандаркорони нашри онҳо ошкор карда шудааст, балки коргоҳи эҷодӣ, услуби нависанда, таъсири омилҳои сиёсӣ ва субъективии замон (муҳаррирони сиёсӣ), сабабҳои ворид намудани тағйирот дар асарҳо ва амсоли ин низ муайян гардидааст. Масалан, дар тасвири образи Абдуллохоҷа (боби «Оташи ниҳонӣ»-и «Дохунда») бо таъсири омилҳои сиёсӣ иродаи нависанда халалдор гардидааст. Сабаби дар ду услуб навишта шудани қиссаи «Марги судхӯр» дар аввал нияти ба наврасон таҳассус додани он будааст. Ва ё бобҳои ба деҳот сар даровардани Қори Исмат бори аввал дар матни ӯзбекии ин қисса ворид карда шудааст. Устод Айнӣ, одатан то шурӯъ кардан ба кор ба як қарори мушаххас омада наметавонистанд. Баъд аз сар шудани кор рафти кор ба эшон плану мавзӯъ медодааст. Сабаби қатъ кардани идомаи чопи «Саргузашти як тоҷики камбагал» дар нашрияи «Овози тоҷик» муҳаррири он Абдулкаюми Қурбӣ будааст. Ба таъбири Раҳим Ҳошим, «Қурбӣ, ки аҳамияти ин асарро пай намебурд, боре ба устод

пешина
аз 226
навбатӣ