Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
бо мазмуни «ин саргузашт бисёр кашол ёфт, инро тезтар кӯтоҳ кунед» гуфта гап зада буд, ки ин сухан сахт боиси ранҷиши устод ва то ҳадде дилсардии вай аз ин кор гардид. Ӯ баъд аз ин гап дар газета нашр кардани қиссаро бас кард» (7, с. 30).
Аламхон Кӯчарзода пажӯҳиши таърихи матнҳои адабиро аз асарҳои алоҳида шурӯъ намуда, тадриҷан ба масъалаҳои мубрами ин соҳаи адабиётшиносӣ таваҷҷуҳ зоҳир кардааст.
Ҳосили пажӯҳишҳои дар ин самт ба анҷом расонидаи ӯ дар шакли рисолаҳо ва воситаи таълимиву китоби дарсӣ пешниҳоди аҳли илму таълим ва ҳаводорони каломи бадеъ гардида, ки асарҳои «Масъалаҳои матншиносии адабиёти тоҷик» (4), «Нақди матни осори С. Айнӣ» (5), «Нақди матн ва масъалаҳои матншиносии насри Айнӣ» (6), «Матншиносӣ»
(7) намунаи аз онҳост. Ин асарҳо ҷанбаи таҳқиқӣ доранд, дар онҳо муҳимтарин масъалаҳои матншиносии тоҷик дар такя ба омӯзиши асарҳои нависандагони алоҳида ва пажӯҳишҳои дар ин соҳа баанҷомрасонидаи муҳаққиқони гуногуни ватаниву хориҷӣ таҳқиқу баррасӣ шудааст. Аз ҷумла, дар «Матншиносӣ», ки муаллиф онро ба сифати китоби дарсӣ муаррифӣ кардааст, моҳияту хусусият, муносибату иртибот, сарчашмаву таърих, муаммову шарт, навъҳои матн ва дигар вижагиҳои ин соҳаи мустақили адабиётшиносӣ ба риштаи таҳқиқ кашида шудааст. Бале, ба риштаи таҳқиқ, зеро муаллифи он дар баррасии мавзӯъҳо танҳо ба ҷанбаҳои назарӣ, ки хоси ағалаби китобҳои дарсӣ аст, машғул нашуда, масъалаҳои матншиносиро бо пажӯҳишҳои илмӣ ва муаммоҳои иҷтимоӣ омезиш додааст. Ин усул, аз як тараф, сатҳи илмиву таълимии ин асар ва ҳамчунин «Нақди матни осори С. Айнӣ»-ро боло бурда бошад, аз ҷониби дигар, дарки мавзӯъҳоро аз ҷониби хонанда (муҳассилин) сабук гардонидааст.
Яке аз масъалаҳое, ки дар ин пажӯҳиш таваҷҷуҳи моро
ҷалб намуд, муносибати матншиносӣ ба илмҳои дигар, бавижа рӯзноманигорӣ аст. Воқеан дар пайдоиш ва ташаккули
рӯзноманигорӣ, ки ибтидояш матбуоти даврӣ аст, нақш ва
саҳми адибону маорифипарварон басо муҳим аст. Аввалин

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё