Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

дастандаркорони кори нашрияҳои даврӣ намояндагони ин қишри ҷомеа будаанд. Ҳамчунин аввалин асарҳои адабиёти нав дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо ба табъ расидаанд. Аввалин нақди асарҳои замони нав низ дар матбуоти даврӣ муъанкис гардидаанд. Ба ин манзур, метавон гуфт, ки аз як тараф, аҳли адабу маориф матбуоти давриро ба вуҷуд оварданд, тафаккури фарҳангии рӯзномасозиву рӯзномаҳониро ба шакл дароварданд, аз ҷониби дигар, матбуоти даврӣ ҳамчун минбари қаламкашон дар ташаккули фаъолияти эҷодии онҳо ва ба ин васила рушди соҳаҳои адабиётшиносӣ мусоидат кард. Ин аз таъсири мутақобилаи рӯзноманигорӣ бо соҳаҳои дигар, хосса адабиётшиносиву соҳаҳои он, бахусус матншиносӣ дарак медиҳад.

Адабиётшинос А. Кӯчарзода ин масъаларо умкан дарк намуда, дуруст қайд мекунад, ки «аммо, вақте ки масъалаи муносибати матншиносӣ ба соҳаи рӯзноманигорӣ ба миён меояд, асосан матншиносии нав дар назар гирифта мешавад, зеро рӯзнома ва рӯзноманигорӣ, махсусан рӯзноманигории тоҷик, маҳсули асрҳои XIX ва XX мебошад» (7, 29).

Ба ин мазмун, алоқаи матншиносӣ бо рӯзноманигорӣ нисбат ба соҳаҳои дигар наздиктару мустаҳкамтар аст, зеро чун ишора рафт, аксари асарҳои адибони муосир бори аввал тавассути нашрияҳои даврӣ дастраси хонанда мегарданд ва аввалин нақди чунин осор дар шакли китобиёту тақриз дар матбуоти даврӣ ба табъ мерасанд.

Муҳаққиқ А. Кӯчарзода робитаи ин ду соҳа ва муносибати онҳоро дар заминаи маводи адабии дар нашрияҳои даврӣ, махсусан, дар маҷаллаи «Садои Шарқ» интишоргардида иҷмолан таҳқиқ намуда, барҳақ таъкид менамояд, ки «кормандон ва, махсусан, сармуҳаррирони ин маҷаллаи миллӣ С. Айнӣ, А. Лоҳутӣ, С. Улуғзода, Ҳ. Неъматуллоев, М. Турсунзода, Ф. Ниёзӣ, П. Толис, А. Баҳорӣ, Убайд Раҷаб, Лоиқ Шералӣ, Абдулҳамид Самад, Ӯрун Кӯҳзод, Ҷонибек Акобиров, Рустам Ваҳобзода дар масъалаи нақди матни осори суханварони тоҷик саҳми муносиб доранд».

пешина
аз 226
навбатӣ