Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Матншинос бо мисолҳои мушаххас нишон медиҳад, ки аз як тараф, асарҳои адибони ҷавон аз ҷониби муҳаррирони ин нашрияи даврӣ таҳрир хӯрда, суфта гардидааст, аз сӯйи дигар, аксари матнҳои маҷаллавӣ баъд аз чоп боз мавриди музокираҳои ҷиддӣ қарор гирифтаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки рӯзноманигорӣ дар ҷараёни ташаккули матншиносӣ марҳилаи муҳим маҳсуб ёфта, дар такомули эҷодиёти адибон нақши созанда мегузорад.
Албатта, дар интишори ва манзури хонандаи хосу ом гардонидани асарҳои манзуму мансури адабӣ натанҳо маҷаллаи миллии «Садои Шарқ», балки нашрияҳои дигар, аз ҷумла маҷаллаи адабии «Помир», ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» низ нақши бориз доранд. Ба таҳқиқи матншиносӣ кашидани матолиби ин нашрияҳо ҳам барои ошкор намудани таърихи тавлид ва чопи мутуни адабӣ ва ҳам вусъат пайдо кардани ин соҳаи адабиётшиносӣ аз аҳамият холӣ нахоҳад буд.
Бешак Аламхон Кӯҷарзода дар таҳқиқи матншиносӣ аз донандагони хуб ва пурмаҳсултарин муҳаққиқ маҳсуб меёбанд. Ӯ кашшофи асрори тавлиду шаклгирии асарҳои адабӣ ва муайянкунандаи вижагиҳои коргоҳи эҷодии адибони алоҳида аст. Бо шарофати меҳнату заҳматҳои эҷодӣ, ҷустуҷӯву дарёфтҳои илмӣ дар ин соҳа мактаби илмиву таълимии худро ба шакл даровардааст. Муҳаққиқони ҷавон Сироҷиддин Эмомалӣ (11), Наврӯз Қаландаров (8) ва дигарон аз дастпарварони мактаби ӯанд, ки дар ин ҷода низ гомҳои қавӣ мегузоранд.
Як хусусияти барҷастаи тадқиқи таърихи асарҳои бадеӣ, бахусус осори С. Айнӣ аз ҷониби матншинос А. Кӯҷарзода дар он аст, ки ӯ ба омӯзиши онҳо назари мӯшикофона менамояд, тамоми асноди ҳуҷҷатӣ – дастхатҳо, нашрҳои алоҳида, мактубу муросалаҳо, эзоҳу иловаҳоро ҷӯё мешавад, аз маҳхазҳои гуногун онҳоро пайдо мекунад ва ҳангоми таҳлилҳои текстологӣ ба мантиқ такя намуда, пасманзараи тавлиди асарҳо ва шакл гирифтани онҳоро бо санаду далелҳои мӯътамад нишон медиҳад. Ба иборае, асрори пайдоишу ташаккули

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ