Зеҳн
Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

РОҒУНРО ЗАМЗАМА БОЯД КАРД

Бархезу биё ба Роғун, ай ҷону ҷигар,
Пайванди вафои одаму об нигар.
Ваҳше, ки сарафрохта буд, роҳ гирифт,
Аз мақадами Пешво ба маҷрои дигар.

Имрӯзҳо дар тамоми Тоҷикистон он касе, ки ин миллат ва кишварро дӯст медораду ободию пешрафти онро хоҳон аст, интизори ба кор даромадани НБО-и Роғун аст. Он касе, аз корномаи Пешвои дилогоҳу ободгару кори қаҳрамононаи ӯ шод буда, баҳри рушди кишвар бо кори содиқонаи худ ҳисса мегузорад, интизори ба кор даромадани НБО-и Роғун аст.

Инак, лаҳзаҳои беназири таърихӣ рух дод. Роғун бо Сарварии Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба кор шурӯъ намуд. Ин шодиву фараҳро ҳудуд нест. Аввалин агрегати НБО-и Роғун ба кор даромада, барои нурборон намудани кишвар оғоз бахшид. Аз барқи неругоҳи Роғун хонаҳо чароғон мешаванд, корхонаҳои нав ба нав бунёд мегарданд, чароғакҳои кӯчаҳои шаҳрҳо, шаҳракҳо, деҳаҳо шаби торикро мунаввар менамоянд. Аз нури Роғун тамоми кишвар ва ҳатто ҳамсоягон низ истифода хоҳанд кард.

Тоҷикистон, ки кӯҳсор аст, маҳз ба воситаи барқи Роғун ва неругоҳҳои дигаре, ки дар оянда сохта хоҳанд шуд, рушд меёбад. Барқи Роғун буҷаи кишварро боло мебарад. Буҷа, ки боло рафт, рӯзгори моддии мардум хубтар мешавад. Тамоми соҳаҳои буҷавӣ соҳиби маоши муносиб мегарданд. Мардум, ки соҳиби маоши муносиб шуданд, аз сидқи дил кор мекунанд, барои ободии мамлакат талош меварзанд. Агар буҷаи кишвар зиёд шавад, илму маориф пешрафт менамояд. Маоши омӯзгорон, адибон, олимон низ зиёд, ки шуд, кашфиётҳо низ бештар мешаванд. Кашфиёт, ки зиёд шуд, кишвар тараққӣ

пешина
аз 226
навбатӣ