Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
мекунад. Кишвар, ки тараққӣ кард, мардум соҳиби зиндагии хушу гуворои озода хоҳад шуд. Ана ҳамин тавр барқи Роғун дилу дидаю хиради тоҷиконро низ нурборон месозад. Ҳамаи ин ва боз садҳо масъалаҳои рушди кишвар ва миллат ба ҳамин барқи Роғун ва неругоҳҳои дигари ояндаи кишвар вобаста аст.
Имрӯзҳо зиёиёни оқилу одил бо сухан, бо кор, бо қалам аз Роғуну кормандонаш ёд мекунанд. Яке аз тариқи радио, дигаре аз тариқи телевизион, сеюмин аз тариқи интернет, чорумин ба воситаи мақола, панҷумин тавассути шеър Роғуну коргаронашро офарину шодбош мегӯянд. Саркори ин кори бузурги беназири таърихро, ки Пешвои миллат ҳастанд, меситоянд.
Олими шинохтаи тоҷик, узви вобастаи АМИТ, профессор А. Кӯҷарзода ба ваҷд омада дар ситоиши Роғун рубоиҳо сурудааст, ки он зери унвони «Замзамаҳои Роғун» аз ҷониби нашриёти «Адиб» пешкаши хонандагон гардид. Ин рубоиҳои дилпазир дар ситоиши Роғуну паҳлавонони арсаи меҳнат, мардуми дӯстдори ваҳдат, ояндаи дурахшони миллат, ошиқони кору амалу пурмуҳаббат, дилдодагони ин мамлакат аст. Китобча ба ду алифбо чоп шудааст: алифбои тоҷикӣ ва хатти ниёгон.
Дар оғози ин маҷмӯаи шаклан хурду мазмунан саршор аз меҳру самимият академики АМИТ Абдуҷаббор Раҳмонзода пешгуфторе навиштааст, ки ҷумлаи аввалини он чунин аст: «Рубоӣ ё фаҳлавиёт аз куҳантарин анвои адабии тоҷикӣ буда, бо манзури зуҳур комилан жанри адабӣ-ҳунарии миллист». Баъдан ба идомаи ин гуфта, эшон роҷеъ ба муаллифи ин китоб чунин менигорад: «Профессор Аламхон Кӯҷарзода дар эҷоди анвои мухталифи каломи манзуми адабӣ-ҳунарӣ, аз ҷумла рубоӣ, низ басо комёб шудааст. Вай дар силсиларубоиёти ба Роғун бахшидаи худ ғамхории Ҳукуматро ҷиҳати бунёди ин иншооти аср воқеӣ тасвир кардааст». Бале, устод А. Кӯҷарзода дар ин рубоиҳо самимона Ватани азиз

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ