Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
барои дӯстон нуру сафову самимият меорад, вале ба чашми душманон мисли хор мехалад:
Роғун, ки замини ту саодатбор аст,
Хоки ту зи меҳри одамӣ саршор аст.
Нуре, ки зи магзи устухонат хезад,
Бар дӯст сафо, ба чашми душман хор аст.
Чандин неругоҳ дар дарёи Вахш сохта шудааст, ки муаллиф ба ин оби равони нурбахш муҳаббат дорад. Ба ин васила ӯ аз дарёи Вахш ёд менамояд, ки чархаҳои Роғун низ аз ҷараёни оби вай мечарҳанд. Кӯҷарзода самимона аз дарёи гуҳари Вахш, хоки зарини диёру косаи зараш, рӯйи нуронию арақи ҷабини мардони ҳунараш, чунин ёд намудааст:
Роғун, садафию Вахш дарёи гуҳар,
Як мушт зи хоки ту маро косаи зар.
Болои баланду рӯйи нуронии ту –
З-обу арақи ҷабини мардони ҳунар.
Устод Кӯҷарзода аз тариқи сохтмони Роғун ба он ишорат менамояд, ки парчами Тоҷикистон дар ҷаҳон боз ҳам дурахшонтар намоён мегардад. Аз ҷумла дар ин пора Роғунро ҳамранги парчами Ватан дониста, ба воситаи тасвирҳои зебои мардумӣ чун «ифтихори ному нанг» онро ба хуршеди оламтоб ҳамсанг медонад:
Роғун, ту ба парчами Ватан ҳамрангӣ,
Парвардаи ифтихору ному нангӣ.
Аз Шарқ зиёи НОБ-и ту ханда кунад,
Ҳаққо, ки ба хуршеди фалак ҳамсангӣ.
Пешвои миллат борҳо гуфтаанд, ки Роғун умри Норакро даҳсолаҳо дароз менамояд. Шоир низ бар он ишорат намудааст, ки Роғун ба монандӣ Норак бародар дошта, ҳар ду барои ободии кишвар муҳим мебошанд:
Роғун, садафӣ, ба сина гавҳар дорӣ,

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ