Фаввораи муҳаббат

Ин китоб маҷмӯаи шеъру мақолаҳо ва хотираҳо буда, ба фаъолият ва эҷодиёти шахсиятҳои маъруф бахшида шудааст. Дар он офаридаҳои бадеӣ ва маводҳо оид ба таъриху фарҳанги маҳаллӣ гирд оварда шудаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 226 саҳифа
Аз лаъли мурассаъ тоҷ бар сар дорӣ,
Чун арча ба паҳнои кӯҳистон сабзӣ,
Чун Нораки зарфишон бародар дорӣ.
Аз Роғун мардуми тоҷик ва кишварҳои машриқзамин умеди зиёд доранд. Чунки он барои мунаввар намудани мамлакатҳои ҳамсоя ҳиссаи арзишманд хоҳад гузошт. Шоир хеле зебо гуфтааст, ки барои он ки «як хонаи бахт сиёҳ нашавад» рӯшноии Роғун фаввора мезанаду онро равшан месозад:
Чун Шарқ мунаввар аст номи Роғун,
Аз оби ҳаёт мамлу ҷоми Роғун.
То ки нашавад сиёҳ як хонаи бахт,
Фаввора занад нур ба шоми Роғун.
Сохтмони Роғун пас аз талошҳои зиёд ба маркази дӯстию рафоқату меҳрубонӣ табдил ёфта, шаҳри он зебову гулзор шудааст:
Эй чархи фалак, гаҳ оташу гаҳ бодӣ,
Аз оби равони ҷонфизо ободӣ.
Роғун, ту зи файзи дӯст гулзор шудӣ,
З-он рӯз ба об дасти байъат додӣ.
Инак, он рӯзи мунаввар, ки мардуми шарифи Тоҷикистон интизораш буданд, фаро расид. Дар натиҷа Роғун пас аз муборизаҳо, талошҳо, нофаҳмиҳо бо мадади дӯстони азизу ҳамсоягони қарин ба як маркази нуру маърифат, дӯстию самимият, башардӯстию одамият табдил ёфтааст.
Ҳоло муаллифи ин рубоиёти дилнишин устоди гиромӣ А. Кӯҷарзода ба синни мубораки 75 расидаанд. Аз Худо хоҳони он ҳастам, ки устоди арҷманд ҳамеша тандуруст бошанду бо наздикону дӯстон, ҳамкорону ёрон, бо қалами буррои мухлисон дар оянда низ барои рушди фарҳанги миллатамон асарҳои илмӣ ва бадеии зиёд эҷод намоянд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ