Зеҳн
Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.

Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа

ТаърихАдабиёт
Аз аввал хондан

мо тамоман маҷрои нав мегирад. Тамоми роҳ Раҷаб меандешид, ки ба мӯйсафед чӣ гӯяд. Арча-ого дар сурати шунидани сухани рост ӯро мефаҳмид. Аммо Ойа аз ҳақиқати ҳол бохабар мешуд, ки ин худаш аз чизи бемаъно буд.

Раҷаб ҳозир буд, ки худро таҳти нафрати хешу ақрабо, дӯстону ошноён қарор диҳад, ӯ худро ҳатто ба хоки ифлоси роҳ баробар мекард. Лек бигузор Ойа дар зиндагии ӯ аз маломати бефарзандӣ наҷот ёбад. Бигузор ин ниҳолак дарахти пурсамаре бошад...

Аз берун Арча-ого бо қиёфаи тамоман дигар баргашт. Дар ин чанд дақиқа бар рухсорааш чину ба сараш сапедӣ дамид.

Ӯ беҳолона ҳам шуд, рӯяш хокистаранг буду сурхич пештараро надошт. Бо гӯшаи чашм ба домоди ошуфтаҳотиру хашмгинаш назаре афканду вазнинҷона ба ҷои худ болои намад нишаст ва муддати тӯлоние хомӯш монд. Раҷаб ҳам хомӯш буд. Саволе, ки домод мунтазираш буд, оқибат садо дод:

— Писарам, бигӯ бубинем, ки дар он лаҳза чаро нотинҷӣ рух дод? Чӣ воқеа шуд?

Раҷаб ҳам он ибораеро, ки кайҳо пеши худ фикр карда буд, ба забон овард. Ба гумони худ аз ҳамаи ҷавобҳо ин ҷавоб нисбатан мувофиқи ҳолаш меомад. Дар ин ҷавоб дурӯге мавҷуд набуд, лекин комилан ҳақиқат ҳам аз худ нишоне надошт:

— Арча-ого, ман ҳеҷ гумон надоштам, ки кор ин гуна сурат мегирад. Аммо ман бо Ойа зиндагӣ карда наметавонам... Ана ҳамин тавр. Ин хоҳиши шахсии ман набуда, хости худост.

Арча-ого бо чашмони пурхашм ба ҷониби Раҷаб нигарист:

— Духтари ман оё бо дигаре ҳамхоба шуд?
— Не.
— Ягон амали ноҷо кард?
— Не.
— Маҷбурат кард, ки суханатро ду бор гӯй?
— Не.
— Бо модарат носазо гуфт?
— Не...
— Пас чаро ту аз ӯ норозӣ?
— Ойа ин ҷо гуноҳе надорад ва ман аз ӯ шикояте надорам... Айб дар ман аст. Хости худо ҳамин будааст.

Мӯйсафед болиниро, ки ҳини савол додан пора мекард

пешина
аз 328
навбатӣ