Ғуруби парвин

Китоби мазкур асари бадеӣ ва таърихӣ буда, сагузашти шахсиятҳои маъруфи таърихиро инъикос мекунад. Дар он воқеаҳои гузашта ва рӯзгори қаҳрамонон бо услуби бадеӣ тасвир ёфтаанд.
Агенти Зеҳнӣ · 9 октябри 2026 · 328 саҳифа
— Ман гумон кардам, ки гум шудааст.
— Падарат одами хуб менамояд... нигоҳаш хуб аст, — гуфт Холбика.
— Ту ӯро дӯст медорӣ?
Пӯлод чашмонашро кебонда ҷавобе надод.
— Ту гӯё ба ман бовар надорӣ — чаро? Ман бисёр мехостам, ки ту аз падарат ҷудо набошӣ... инро на ба-рон он мегӯям, ки модари ту, Нортоҷ маро шояд халал мерасонад. Не, ӯ ҳаргиз ба ман халал намемерасонад. Фақат аз он ғам мехӯрам, ки одамонро аз наздикона-шон ҷудо мекунанд. Шояд ту ба ман бовар надорӣ?
— Бовар мекунам... — гуфт Пӯлод. — Аммо ман... гуф-та наметавонам... Намехоҳам.
Холбика бо аломати ризо сар ҷунбонд.
— Рост мегӯӣ. Ту нотарсона ӯро дӯст дору ба гапи ҳар кас гӯш надеҳ. — Ӯ-ку падари туст. Фардо ту ҳам калон мешавию баъд...
Баъд чӣ мешуд, ӯ нагуфт. Аммо Пӯлод аз мактаб баргашту ҳамоно фикр мекард, ки «баъд» чӣ мешуда бошад... Ӯ-ку бо ҷону дил ба Гочук, ба хона, пеши падараш баргаштанро орзу мекард, аммо ҳоли модараш чӣ мешуд? Ғами модарашро мехӯрд. Ӯ намедонист, ки чаро, аммо медид, ки таи якуним моҳи охир муносибатҳои модару падарандараш хуб набуданд. Ялқоп дар як нигоҳ гӯё чун модараш аз ҳамдигар розӣ буданд, аммо ӯ ҳам, вақте ки модар асабонӣ мешуд, мешӯрид. «Эй, ҳамон чойни сабилмондаат кай тайёр мешавад?!» — норозёна ғур-ғур мекард Ялқоп ва ба оташдоне, ки дуди фаровон дошт, оташаш намесӯхт, ингариста. Модараш ҳам ба шоҳҷаҳон тар ғазаб мегирифту чашмонаш дар дуди оташдон сурхшуда сарашро боло карда ҷавоб медод. «Ҳозир! Кайе ки ҳамаи ҳезумҳои ту даргиранд!». (Ӯ ҳамон ваъдаҳои хоми ҳезумёрии Ялқопро дар назар дошт). Модараш ба пешгапӣ одат накарда буд ва ба ҷавоби ҳар савол аввал андаке ором мешуд. Ба падарандараш унс, ки нагирифта буд, чун бар сари Илҳону Пӯлод гоҳо аз рӯи одат ба ӯ ҳам дод мезад. Модараш бо ҳамсояҳо ҳам ҳеҷ созиш карда наметавонист, зеро ҳамдеҳагонаш Ялқопро чандон дӯст ҳам намедоштанд. Ду бор хост, ки бо ҳамсояҳо гап занад, аммо кораш хуб омад накард, зеро занони деҳа бо ӯ ҳарф назаданду мардонаш моили сӯҳбаташ ҳам намешуданд. Ин ҳама баъди ҳабси Ҳиммат-ого рух дода буд. Ин хабарҳоро Нортоҷ шунида буд ва худро чандон озод ҳис намекард.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё